Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенка Ғарбро дар кӯшиши бесубот кардани Беларус айбдор кард


Президенти Беларус Аляксандр Лукашенка рӯзи 21 март Ғарбро дар талоши ташкили бесуботӣ дар ин кишвар муттаҳам кард. Ҳафтаҳои охир ҳазорҳо сокинони Беларус бо мухолифат ба қонуни муфтхӯрҳо ба хиёбонҳо рехта намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ ташкил карданд. Чунин намоишҳои серҷамъият дар солҳои охир дар Беларус бесобиқа будааст. Лукашенка гуфт, ки “сохторҳои амниятии ғарбӣ” бо истифода аз “маблағҳои Ғарб” талош доранд аз роҳи кӯмак ба авбошҳо “вазъи Беларусро ба ҳам зананд”. Лукашенка гуфт, ки ҳукумат ҳатман ба ин ҳама амалҳо посух хоҳад дод. “Мо вазъро танзим хоҳем кард, ин мушкил нест”, гуфтааст Лукашенка. Вай гуфт, ки бесуботӣ дар дохили Беларус ӯро назар ба истиқрори нирӯҳои НАТО дар марзи кишвараш бештар ташвиш медиҳад.

Эътирозҳое, ки аз 1 март ба ин сӯ дар саросари Беларус баргузор мешаванд, аз қонуни нави муҷозоти ба истилоҳ муфтхӯрҳо ё бекорҳо сар задааст, ки ҷаримабандии афроди беш аз ним сол бекорро дар назар мегирад. Бо вуҷуди ин ки президент – ташаббускори қабули чунин қонун иҷрои онро то соли 2018 мутаваққиф кард, мардум ҳамоно эътироз мекунанд ва гоҳо дар шиорҳои худ даъват ба барканории Лукашенкаро ҳам ба забон меоранд. Аляксандр Лукашенка аз соли 1994 ба ин сӯ дар Ҷумҳурии Беларус президент аст ва дар тамоми ин муддат даст ба саркӯби мухолифон ва матбуоти мустақил задааст.

XS
SM
MD
LG