Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти иттилооти ИМА аз Русия ва маъракаи интихоботӣ сӯҳбат мекунанд


Ҷеймс Комӣ

Рӯзи 20 март дар Маҷлиси намояндагони ИМА қарор аст баёноти раҳбарони Бюрои федеролии тафтишот ва Оҷонсии амнияти миллӣ дар заминаи мудохилаи Русия ба ҷараёни интихоботи президентии соли 2016-и ин кишвар шунида шавад. Шарҳи онҳо дар Кумитаи иттилооти маҷлис ироа мешавад ва баёноти мақомоти баландпоя – раисони Бюрои федеролии тафтишот Ҷеймс Комӣ ва Оҷонсии амнияти миллӣ Майк Роҷерс нахустин арзёбиҳои боз дар заминаи вуҷуди иртиботи миёни маъракаи интихоботии президент Доналд Трамп ва Русия хоҳад буд. Ин суханрониҳо дар соати 10 субҳ ба вақти Вашингтон (соати 19:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Нозирон ҳамчунин мунтазиранд, ки шояд раиси Бюрои федеролии тафтишот иддаоҳои Трампро дастури эҳтимолии Барак Обама дар бораи шунида шудани гуфтугӯҳои телефонии Доналд Трампро ҳам шарҳ диҳанд. Дар давоми ду моҳи аввали кораш дар мақоми раёсатҷумҳурии Амрико, Трамп пайваста бо иттиҳомоти марбут ба мудохилаи эҳтимолии Русия ба маъракаи интихоботи Амрико ва фоидаи Трамп аз ин мудохилаҳо муқобила кардааст.

Моҳи январ оҷонсиҳои иттилоотии Амрико гузорише нашр карданд, ки бар тибқи онҳо, президент Владимир Путин гӯё бо истифода аз фанновариҳои навин, рахнагарони компютерӣ, нашри гузоришҳо ва ҳам методҳои дигар гӯё ба низоми интихоботии Амрико дахолат карда, инчунин ба номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон халал расонидааст. Гузориш ҳокист, ки Русия дар тамоми муддати интихобот ба таври ошкоро аз номзадии Трамп ҳимоят кардааст. Русия ва ҳам Трамп ин интиҳомотро рад кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG