Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ рӯзи 17-уми март соати 17:00 дар “Хонаи синамо”-и шаҳри Душанбе барои нахустин бор намоиш дода мешавад. Ин филм моҳи феврал барандаи ҷоизаи бонуфузи "Оскар" дар Амрико шуд.
Сафар Ҳақдод, раҳбари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намоиши филми “Фурӯшанда” ба таври ройгон баргузор мешавад ва тамоми алоқамандони синамо метавонанд ба тамошои он бираванд. Ӯ гуфт, намояндаҳои сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҳам ба намоиши ин филм даъват мешаванд. Ӯ мегӯяд, пас аз намоиши филми “Фурӯшанда” баҳсу баррасии он ҳам дар назар гирифта шудааст. Филми "Фурӯшанда"-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ барандаи ҷоизаи беҳтарин филми хориҷии соли 2017-и Академияи синамои ИМА - дуюмин барандаи "Оскар"-и ҳамин коргардон аст. Соли 2012 Фарҳодӣ барои филми "Талоқи Нодир ва Симин" ҳам ин ҷоизаи бонуфузро аз они худ кард.