Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заррина Қурбонова: Хориҷиҳо аз Тоҷикистон чӣ ҳадя хоҳанд бурд?


Заррина Қурбонова

Заррина Қурбонова, донишҷӯдухтари 21-солаи тоҷик, бо таҳияи як “бизнес-план” мехоҳад, тиҷорати таҳия ва фурӯши туҳфаҳои миллӣ ё “сувенир”-ро барои сайёҳони хориҷӣ ба роҳ монад. Тарҳи Заррина аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон беҳтарин “бизнес-план” дар бахши ҷаҳонгардӣ эътироф шудааст.

Заррина Қурбонова нахуст 15 духтари донишҷӯро ба кор ҷалб карда, баъдан шумори коргаронашро бештар хоҳад кард.

Ӯ ҳоло дар соли севуми Донишкадаи молия ва иқтисод аз рӯи ихтисоси танзими ҳуқуқи молия ва қарз таҳсил мекунад. Аз рӯи ихтисос Заррина Қурбонова дар оянда ҳуқуқшиноси бахши молия хоҳад шуд. Вале шавқаш ба дӯзандагӣ ва таваҷҷӯҳаш ба таҳаввулоти замони имрӯз ӯро дар фикри таъсиси корхонаи махсуси таҳияи тӯҳфаҳои миллӣ андохт.

Нақшаи Заррина Қурбонова – таъсиси корхонаи таҳияи тӯҳфаҳо аст ва аз ҳоло дар фикри ҷалби коргарон – духтарони дӯзандаву боҳунар будааст. Ба гуфтаи Заррина, “туҳфа беҳтарин муаррифгари ҳар як давлат аст ва ман ҳам ба ин хотир барои сайёҳон дар як сехи дӯзандагӣ туҳфа омода мекунам. “Бизнес-план” аз сифр шуруъ шуда, то анҷоми кори маро дар бар мегирад.”

Як намунаи кори дастии Заррина Қурбонова
Як намунаи кори дастии Заррина Қурбонова

Арзиши тарҳи тиҷоратии корхонаи “сувенир”-созии Заррина наздики 60 ҳазор сомонӣ ва ё тахминан 8 ҳазор доллари амрикоист. Ин маблағ – иҷораи макони корхона, харидани мошинҳои дарздӯзӣ, матову дигар маҳсулоти зарур барои таҳияи тӯҳфаҳоро дар назар мегирад. Нияти Заррина – таъсиси корхона дар таҳхонаи донишгоҳ аст, ки ҳоло таъмир мешавад. Вай мегӯяд, раҳбарияти донишгоҳ ба ӯ бо пули хеле рамзӣ иҷораи таҳхонаро иҷозат додааст ва хароҷоти аслӣ бояд барои хариди таҷҳизот сарф шавад.

Аммо ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, барои харидани матоъҳо ниёз ба сармоягузорӣ дорад. «Зеро мо либосҳои миллиро дар тарҳи аврупоӣ барои сайёҳон пешниҳод мекунем. Инчунин, ҷузвдон, гарданбанд, лӯхтакҳо низ ҳамчун туҳфа барои сайёҳон омода карда мешавад. Мо кӯшиш мекунем, нархи тӯҳфаҳо барои сайёҳон дастрас бошад, зеро вақте нархи он дастрас бошад, сайёҳ онро барои дӯсташ тақдим мекунад ва шояд дӯсти ӯ баъд аз дидани туҳфа хоҳиши дидани Тоҷикистонро кунад», - афзуд ӯ.

Фаридун Убайдуллоев
Фаридун Убайдуллоев

Заррина Қурбонова нахуст 15 духтари донишҷӯро ба кор ҷалб карда, баъдан шумори коргаронашро бештар хоҳад кард. Устодони Заррина аз ин иқдоми ӯ ҷонибдорӣ кардаанд. Фаридун Убайдуллоев, мудири парки технологии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва роҳбари кори Заррина дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, самти асосии бизнес-план ба таҳияи тӯҳфа ё сувенирҳо ҳамчун дастоварди мардуми Тоҷикистон равона шудааст.

Ба гуфтаи Убайдуллоев, “ҷуздвонҳои занона, тоқиҳо ва ҳамингуна маҳсулот барои сайёҳони хориҷӣ омода мешавад. Вақте як сайёҳ аз Тоҷикистон бо худ ҳадяе мебарад ва хотироти худро ба ин восита дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорад, албатта, василае мешавад, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.”

Барои фурӯши маҳсулоти тайёр Заррина Қурбонова аз хизмати соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ дар фурӯшгоҳҳои марказии пойтахт истифода хоҳад кард, чун маҳз марказ аксар вақт маҳалли кору саёҳати хориҷиҳо мебошад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзуда, онҳо бештар аз минтақаҳои вилояти Бадахшон, Суғду Хатлон ва Душанбеву Ҳисор дидан мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG