Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи $116 000-и "ҷанҷолӣ". Гапи ниҳоиро Додситонии кулл мегӯяд? ВИДЕО


Палатаи ҳисоби Тоҷикистон тафтиш ё аудити иҷрои як тарҳи Бунёди Глобалӣ аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро анҷом дода, хулосаашро ба Додситонии кулл фиристодааст. Ин аудит охири соли 2015 ба хотири пайдо кардани ҷавоби инки "116 ҳазор доллар грант ё кумаки билоивази Бунёди Глобалӣ ба Кумитаи ҷавонон куҷо шуд?" оғоз ёфта буд. Акрам Кӯчакшоҳзода, сараудитори Палатаи ҳисоб, рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бино ба тафтиши онҳо дар иҷрои ин тарҳ беш аз 64 ҳазор сомонӣ изофанависӣ сурат гирифтааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба ширкати “Комёб” барои харидани молу ашёи гуногун, аз ҷумла MP3, DVD-плейерҳо, дафтару қалам ва бастаҳои беҳдоштӣ пули барзиёд додааст.

Аммо вай хабарҳоро дар бораи инки гӯё Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон 116 ҳазор доллар грантро ғайриҳадафмандона истифода кардааст, нодуруст хонд. "Асосан ҳангоми харидани маҳсулот изофанависӣ шудааст. Натиҷаи ин санҷиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон барои чораандешӣ фиристода шуд ва ин ниҳод бояд тасмими худро эълон кунад", - афзуд ӯ.

Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон

Мавзӯи ғайриҳадафмандона истифода шудани пули грант ё кумаки билоивази Бунёди Глобалӣ соли 2015 расонаӣ шуд. Он вақт бозрасони Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General - OIG) гуфтанд, ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакорӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи бозрасон, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кумакҳо – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 ҳазору 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон ба ширкати “Комёб” барои харидани молу ашёи гуногун, аз ҷумла MP3, DVD-плейерҳо, дафтару қалам ва бастаҳои беҳдоштӣ пули барзиёд додааст, ҳарчанд ин ашё дар бозор арзонтар будаанд. Бозрасҳо навиштаанд, ки нархи як MP3 Player дар 12 моҳ аз 64 то 140 сомонӣ, яъне 118 фоиз бештар нишон дода шудааст.

Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода

Адҳам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфта буд, ки “санҷиши Палатаи ҳисоб дар мӯҳлати муайяншуда анҷом шуд. Вале мо ҳанӯз мавод ва натиҷаи онро аз Додситонии кишвар нагирифтаем.”

Баъд аз ифшои сохтакорӣ, Бунёди Глобалӣ аз дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон талаб кардааст, ки маблағҳои тақаллубшударо бозгардонад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба феҳрасти "сиёҳ"-и Бунёди Глобалӣ шомил шуд ва дигар ҳаққи гирифтани кумак аз ин бунёдро надорад.

Бунёди Глобалӣ барои мубориза бо бемории сил, ВИЧ СПИД ва табларза дар кишварҳои камбизоати ҷаҳон барнома иҷро мекунад ва то кунун ба Тоҷикистон 139 миллион доллар ёрӣ кардааст. Як ниҳоди расмии Тоҷикистон барои истифодаи беш аз сад ҳазор доллар пули грант ё кумаки биловази ин созмон дар ҳоле айбдор шуд, ки Тоҷикистон чанд сол боз дар феҳристи кишварҳои фасодзада қарор мегирад. Шохиси байналмилалии фасод дар саросари ҷаҳон нишон додааст, ки ин зуҳурот дар Тоҷикистон соли 2016 боз ҳам реша давондааст. Бар асоси шохис, ки созмони Шафофияти Байналмилал моҳи январи имсол нашр кард, Тоҷикистон дар мақоми 151-ум қарор гирифтааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG