Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ҷазои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро сахттар кард


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳаҷми ҷарима барои кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тақрибан панҷ баробар боло бурда шуда, ба 300 манат (85 доллар) расидааст. Қаблан он 60-75 манатро ташкил медод. Бархе аз сокинон танҳо баъди ҷарима шудан дар ин бора хабардор шудаанд. "Баъди нақзи қоида ва рафтан ба идораи пулис фаҳмидан имкон дорад, ки ҳаҷми ҷарима барои кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боло рафтааст. Матни қарорро нишон намедиҳанд, танҳо корманди пулис мегӯяд, ки бояд 300 манат ҷарима супорӣ", - гуфт як сокини 37-солаи Ишқобод.

Мақомоти Туркманистон ва расонаҳои расмӣ сокинонро аз афзоиши ҳаҷми ҷарима барои кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ огоҳ намекунанд. Инчунин, сокинони Ишқобод мегӯянд, на дар ҳама ҷойҳои пойтахти Туркманистон аломатҳое насб шудааст, ки ҷойи ҷамъиятӣ ва мамнуъ будани сигоркаширо фаҳмонад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин шароит ба кормандони пулис имкон медиҳад, ки ҷойҳои ҷамъиятиву мамнуъ барои сигоркаширо тибқи "меъёрҳои худ" муайян созанд.

Дар Туркманистон кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ соли 2000 манъ шуда буд. Ба ҷуз фармони президент "Дар бораи манъи кашидани тамоку дар ҷойҳои ҷамиятӣ, кӯча ва тамоми муассисаҳо", ҳамчунин таблиғ ва истифодаи он ҳангоми мошинронӣ низ мамнуъ аст.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Туркманистон аз рӯи шумори сигоркашҳояш миёни кишварҳои ҷаҳон ҷойи охиринро касб карда, танҳо 8%-и сокини ин кишвар тамокуро истифода мебаранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG