Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияву Тоҷикистон амнияту иқтисодро баррасӣ карданд


Акс аз сайти президент
Акс аз сайти президент

Туркия барои бунёди бонки муштараке бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 17 феврал муовини нахуствазири ин кишвар Юлдирим Туғрул Туркеш баъд аз дидор бо президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод.Ҷаноби Туркеш Юлдирим афзудааст, ки ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон баррасии масоили амниятиву иқтисодӣ будааст. Ба иттилои хадамоти матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишвар баррасӣ шуда, дидори имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии ҳар ду кишвар ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо мебошад. Ҷонибҳо изҳор доштаанд, ки соли ҷорӣ аз оғози робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуда, миёни ду кишвар беш аз 60 созишнома ва тавофуқнома дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра имзо шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои тавсеаи ҳамкориҳо, бавижа дар ҳифзи фазои идеологии кишварҳо аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву тахрибгарона табодули афкор карда, доир ба муҳимияти ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ ибрози назар кардаанд. Ин дар ҳолест, ки солҳои охир тоҷирони тоҷик бештаре аз маҳсулотҳои воридшаванда ба Тоҷикистонро аз бозорҳои ин кишвар харидорӣ мекунанд. Ба ин далел ҳоло миёни ду кишвар парвози тақрибан ҳамарӯзаи ҳавопаймо роҳандозӣ шудааст. Аз сӯйи дигар бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон қаламрави Туркияро масири асосӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия дар сафи гурӯҳҳои террористӣ интихоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG