Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳиддин Раббонӣ ба Душанбе омад


Вазири умури хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ рӯзи 15 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов ба Тоҷикистон сафар кардааст. Манбаъ мегӯяд, ки қарор аст Салоҳиддин Раббонӣ дар ҷараёни ин сафар бо раиси ҷумҳур, раиси Маҷлиси Олӣ ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуда ва дар бораи таҳкими муносибатҳо ва ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, транзитӣ, фарҳангӣ ва мубориза бо чолишҳои муштараки ду кишвар баҳс ва табодули назар намоянд.

XS
SM
MD
LG