Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия гузориши қатли дастаҷамъии маҳбусонро "дурӯғ" хонд


Сурия - Ҳукумати Сурия ҳазорҳо маҳбусро баъди шиканҷаҳои тӯлонӣ ба дор кашидааст- мегӯяд Созмони Афви Байналмилалӣ. 7 феврлаи соли 2017.
Сурия - Ҳукумати Сурия ҳазорҳо маҳбусро баъди шиканҷаҳои тӯлонӣ ба дор кашидааст- мегӯяд Созмони Афви Байналмилалӣ. 7 феврлаи соли 2017.

Димишқ гузориши Созмони Афви Байналмилалиро, ки мегӯяд ҳукумати Сурия дар чаҳор соли гузашта дастикам 13 ҳазор маҳбусро дар зиндони низомӣ ба дор кашидааст, "комилан дурӯғ" унвон кард.

Дар изҳороте, ки рӯзи 8 феврал матбуоти давлатӣ пахш кард, Вазири адлияи Сурия гузориши созмонро "гумроҳкунанда ва таҳрикдиҳанда" хонд ва гуфт, ки он бо ҳадафи доғдор кардани обрӯи ҳукумат дар саҳнаи ҷаҳонӣ пахш шудааст.

Ин изҳорот ҳамчунин мегӯяд, ки дар масъалаи эъдом Сурия раванди қонунӣ ва гузаштан аз марҳилаҳои додгоҳиро риоя мекунад.

Созмони ҳуқуқи башари Афви Байналмилалӣ, мақари он дар Лондон, рӯзи 7 феврал бо пахши як гузориш гуфт, ки аз соли 2011 то декабри соли 2015, ҳар ҳафта аз 20 то 50 зиндонӣ, асосан мухолифини мулкии ҳукумат, дар маҳбаси Сайеднея ба дор кашида шуданд.

Ин гузориш гуфт, ки эъдомҳо баъди мурофиаҳои низомӣ сурат гирифтанд, ки ҳудуан як дақиқа давом мекарданд ва эҳтимол дорад, ки ин қатлҳо ҳоло ҳам ҳоло ҳам идома доранд ва ҷинояти ҷангӣ арзёбӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG