Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин гуфтӯгуи Доналд Трамп бо Владимир Путин


Доналд Трамп зимни сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди 8 рӯзи шурӯи кораш дар ин мақом бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефонӣ гуфтӯгу кард. Кохи Сафед гуфт, сӯҳбати телефонӣ “мусбат” ва “оғози чашмгир барои беҳбуд бахшидани муносиботи Амрико ва Русия аст, ки ба тармим эҳтиёҷ доранд.”

Дар баёнияи расмии кӯтоҳи ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омадааст, “Ҳам раиси ҷумҳур Трамп ва ҳам раиси ҷумҳур Путин баъди сӯҳбати имрӯза умедворанд, ки ду тараф барои мубориза бо терроризм ва ҳалли дигар масоили муҳими мавриди нигаронии тарафайн зудтар ҳаракат мекунанд.”

Маскав гуфт, Путин ва Трамп тарафдори ҳамоҳангсозии иқдомоти Русияву Амрико дар Сурия барои шикаст додани гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва ҳам ба қавли Кремл “дигар гурӯҳҳои террористӣ” будаанд. Ба гуфтаи Маскав, дар сӯҳбат ба аҳамияти “барқарор кардани тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодии муфид” барои ду кишвар таъкид шудааст.

Айни замон Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, ки Доналд Трамп ва Владимир Путин дар бораи кам кардани таҳримот ба зидди Русия сӯҳбат накардаанд. Ин таҳримотро Амрико баъди ғасби нимҷазираи Қрим ва ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина эъмол кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG