Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон Паёми президентро таблиғ мекунанд


Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон паёми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро миёни мардум таблиғ мекунанд. Муддати даҳ рӯзи оянда вакилон Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум шарҳу тафсир медиҳанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин, вакилони парлумон мушкилоти ҷойдошта дар маҳалҳоро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ хоҳанд кард. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 декабр паёми солонаи худро ба парлумон ироа карда буд.

XS
SM
MD
LG