Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон гуфтааст, аз ҳолатҳои "раъйдиҳии оилавӣ", ки як нафар ба ҷои ҳамаи аъзои хонавода овоз медиҳад, пешгирӣ хоҳад кард.
"Барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои раъй додани нафаре ба ҷои хонавода дар интихоботи президентии Ӯзбекистон дар ҷойҳои серодами гӯшаву канори кишвар сад ҳазор лавҳаҳои таблиғотӣ насб карда мешавад", - гуфтааст Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси КМИР Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, бори нахуст дар ин кишвар зимни барномаи рушди фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон як қатор корҳо анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, қарор аст, созмонҳои ҷамъиятию бунёдҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ чорабиниҳоеро зери унвони "Ман худам раъй медиҳам", "Дар оилаи мо ҳар кас раъйи худро дорад", "Овози ман -- ояндаи кишварам" ва "Дар рӯйхати интихобкунандагон худро пайдо кун" баргузор кунанд.
Ҳамчунин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар шакли мизи мудаввар, давраи омӯзишӣ, мулоқот, муколамаи бевосита ва тренингу конфронсҳо баргузор карда хоҳад шуд. Ҳамаи чаҳор ҳизби расман фаъолияткунандаи Ӯзбекистон 28 октябри соли равон барои иштирок дар интихоботи президентии 4 декабр номзади худро сабти ном кардаанд.
Бар пояи қонунгузории Ӯзбекистон, маъракаҳои таблиғотӣ аз рӯзи пешбарии номзад шуруъ ва то 2 декабри соли равон идома хоҳанд кард.