Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнкер: Трамп бояд дидгоҳи байналмилалиашро муаяйян кунад


Раҳбари Камиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер аз президенти мунтахаби Амрико даъват кард, ки дидгоҳи худро дар масоили муҳими ҷаҳон, ба мисли тиҷорати ҷаҳонӣ, сиёсаташ дар масоили тағйироти иқлим ва шарикони Амрико дар НАТО мушаххас кунад.

Юнкер рӯзи панҷшанбеи 10 ноябр дар Берлин гуфт, ки Аврупо интизор дорад, ки дидгоҳи Вашингтон дар масоили номбаршуда дар фурсатҳои наздик ироа шавад.

Доналд Трамп, ки дар гузашта ҳеҷ гоҳ мақоми давлатӣ надошт, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ изҳороти тезутундро дар заминаи тиҷорати озод, паймони НАТО ва ҳамчунин тадобири мубориза бо гармшавии иқлим пахш кардааст.

XS
SM
MD
LG