Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба ҳунарпешаи амрикоӣ Стивен Сигал шаҳрвандӣ дод


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба ҳунарманди амрикоӣ Стивен Сигал ҳаққи шаҳрвандӣ дод. Амри Путин дар ин бора дар сомонаи Кремлин нашр шудааст.

Сигал гуфтааст, шаҳрвандии Русия ба ӯ имкон медиҳад, ки соле чанд моҳро бо дӯстонаш дар ин кишвар сипарӣ кунад. Ин ҳунарпешаи амрикоӣ дар ин авохир дар сафар ба Русия аз Грозний ва Қрими ишғолшуда боздид ба амал овард.

Стивен Сигал аволии солҳои 1990 бо нақшофарӣ дар филмҳои ҷангӣ дар Русия шӯҳрат пайдо кард. Ӯ ҳоло ҳам дар филмҳо нақш мебозад, аммо бештар дар филмҳои камхарҷ, ки муваффақияти фарогир надоранд.

Пеш аз ин Путин ба якчанд хориҷии дигар, аз ҷумла ҳунарманди фаронсавӣ Жерар Депарде ва муштзани амрикоӣ Рой Ҷонси хурдӣ шаҳрвандӣ тақдим кард.

XS
SM
MD
LG