Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА: Таҳрими Русия дар заминаи амалҳояш дар Сурия матраҳ нест


Раҳбари бахши хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федирико Могерини гуфт, ки ҳеҷ таҳриме алайҳи Русия дар заминаи амалҳояш дар Сурия баррасӣ нашудааст. "Ягон кишвари Иттиҳоди Аврпуо ингуна пешниҳод ворид накардааст"- гуфт Мгерини рӯзи 17 октябр дар Люксембург, дар ҳоле, ки барои нишасти вазирони ИА, асосан дар масъалаи Сурия, ҳозир шуд.

Аммо ӯ ҳамзамон гуфт, ки Иттиҳодия Аврупо метавонад таримотро алайҳи режими Сурия тамдид кунад, то оташбас ҳифз шавад. Рӯзи 16 октябр Иёлоти Муттаҳида ва Британия гуфтанд, ки онҳо таҳримҳои навро алайҳи Сурия ва Русия баррасӣ доранд, то онҳоро ба хатми бомбаборони Ҳалаб маҷбур кунанд.

Онҳо ҳамчунин аз Русия ва Эрон, шарикони калидии президенти Сурия Башор Асад даъват карданд, ки ба оташбаси нав ризоият диҳанд. Оташбаси қаблӣ бо миёнҷигии Русия ва Амрико моҳи гузашта шикаст хурд.

XS
SM
MD
LG