Созмони хайрияи Оxfam гуфт, ки ҷанги 18-моҳа ин кишварро ба фоҷеа наздик кардааст. "Ними мардум ғизои кофӣ надорад" - гуфтааст ин созмони бритониёӣ дар гузориши тозаи худ, ки рӯзи 21 сентябр пахш шуд. "Дар баъзе минтақаҳо кӯмакҳои башардӯстона ба монеаҳои сунъӣ рӯ ба рӯ мешаванд" - гуфтааст Oxfam.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз замони оғози маъракаи эътилофи таҳти сарварии Арабистони Саудӣ, моҳи марти соли 2015 беш аз 10 ҳазор инсон дар Яман кушта ё захмӣ шудаанд. Маъракаи Саудӣ барои саркӯб кардани шиаҳои ҳусӣ ва барқарор кардани ҳукумати расмии Яман анҷом мешуд.