Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев: Ман вориcи курсии падар нестам


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Дариға Назарбоева, духтари калонии раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, гуфтааст, ки худро вориси курсии падар намешуморад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Дариға дар ин бора баъди як ҷаласаи Маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 16 сентябр дар суҳбат бо хабарнигорон ибрози назар кардааст.

Назарбоева гуфтааст, “ман худамро шахсе мешуморам, ки бо сидқу сафо ба Ватани хеш хидмат мекунад ва узви тими президент аст. Барои ҳамин, медонед, ин ҳама фолбиниҳо нақше дар рӯи обанд. Ҳангомае беш нестанд.” Дариға Назарбоева аз 16 сентябр роҳбари кумитаи доимоамалкунандаи Сенати Қазоқистон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амният шуд.

Ин иттифоқ се рӯз пас аз узви Сенат шудани Дариға Назарбоева сурат гирифт, ки қаблан дар симмати муовини нахуствазир фаъолият мекард. Раҳбари собиқи ин кумита Икром Адирбеков узви қатории ин кумитаи Сенат шудааст. Нурсултон Назарбоев аз соли 1989, яъне 27 сол боз зимоми қудрат дар Қазоқистонро дар даст дорад.

XS
SM
MD
LG