Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

BIRN: Аблязов дар Белград маҷмаа ва меҳмонсаро дорад


Мухтор Аблязов
Мухтор Аблязов

Шабакаи иттилоии Balkan Investigative Reporting Network (BIRN) мегӯяд, далелҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад Мухтор Аблязов, муҳоҷири сиёсии Қазоқистон дар Белград пинҳонӣ молики бахши умдаи саҳмияҳои маҷмааи намоишгоҳӣ ва меҳмонхонаҳо шудааст.

Бино бар иттилои Маркази омӯзиши фасод ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP), эҳтимол аст, Аблязов бахши умдаи саҳмияҳои маҷмааи намоишгоҳии Belexpocentar ва меҳмонсарои ҳамшафати он Holiday Inn-ро тавассути ширкатҳои оффшорӣ ба даст оварда бошад. Аммо манбаъ мегӯяд, муҳоҷири сиёсии Қазоқистон пайвандаш бо ин тарҳҳоро рад мекунад.

Мақомоти Қазоқистон Мухтор Аблязовро дар дӯздидани миллиардҳо доллари БТА Бонк, ки раҳбарияшро дар ихтиёр дошт, айбдор мекунанд. Аблязов баъди дар ихтиёри ҳукумати Қазоқистон қарор гирифтани бонки мазкур дар соли 2009 ин кишварро тарк кард.

Раиси пешини шӯрои мудирони БТА Бонки Қазоқистон аз тобистони соли 2013 дар яке аз маҳбасҳои Фаронса нигаҳдорӣ мешавад. Мақомоти Қазоқистон, Русия ва Украина ӯро дар фасоду дуздӣ айбдор мекунанд. Аммо Аблязов мегӯяд, ин ҳама айбҳо сохтаву ангезаи сиёсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG