Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии чирикиҳо бар артиши Башор Асад


Чирикиҳои таҳти ҳимояти Амрико бо шикаст додани нирӯҳои давлатии Сурия ба пойгоҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар марз бо Туркия наздиктар шуданд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия хабар дод, ки чирикиҳо се рустои Зайтон, Халса ва Барнаро дар минтақаи стратегии воқеъ дар канори шоҳроҳи Ҳалаб – Димишқ ба даст овардаанд. Ин пешрафтҳои чирикиҳо дар ҳолест, ки вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи 18 июн дар Димишқ бо раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мулоқот дошт. Шойгу аз пойгоҳи ҳавоии Русия дар вилояти Лозиқия низ дидан кардааст. Дахолати низомии Русия дар моҳи сентябри соли 2015 ба нирӯҳои Асад кумак кард, ки дар ғарби Сурия бар чирикиҳо як муддат дастболо шаванд. Мухолифин Русияро айбдор мекунанд, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоияш чандин мактабу бемористон тахриб гардида ва шумори бузурге аз мардуми мулкӣ куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG