Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон занони гирифтори ВИЧ тифли солим таваллуд кардаанд


Бино ба маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ибтимоии Тоҷикистон, дар соли 2015 аз 88 зани ҳомила, ки гирифтори ангезандаи ВИЧ будаанд, 65 нафарашон кӯдакони солим ба дунё овардаанд.Дар соли 2014 аз 167 зани гирифтори ВИЧ 162 нафарашон тифли солим ба дунё овардаанд.

Ин маълумот 4 июн дар ҳамоиши Кумитаи занон ва оилаи вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе садо дод. Дар ин ҳамоиш роҳҳои коҳиши хушунат бар зидди занон ва занони гирифтори ангезандаи ВИЧ баррасӣ шуд.

Дар кори ин ҳамоиш пизишкони бемориҳои занона, пизишкон аз ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат доранд ва ин масъалаҳоро бо ҳам баррасӣ мекунанд.

Ин ҳамоишро созмони ғайридавлатии «Хуршед» бо кӯмаки молии Бунёди Евразия-Тоҷикистон баргузор мекунад. Бунёди мазкур

гаҳ-гоҳе аз тарафи Ожонси рушди байналмиллаии Амрико ё USAID сармоягузорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG