Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкилкунандаи занозании хунин ба ҳабс гирифта шуд


Акс аз рӯзи занозании хунин дар Хованское
Акс аз рӯзи занозании хунин дар Хованское

Додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав рӯзи 19 май қарор кард, ки мудири собиқи оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев то 14 июл пушти панҷара бимонад. Додгоҳ Лечӣ Яҳёевро низ то 14 июл ба ҳабс гирифт. Яҳёев ба авбошӣ дар ҷараёни занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованское, вале мудири собиқи оромгоҳ ба ташкили он занозанӣ айбдор мешаванд. Рӯзи шанбеи гузашта як гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ вориди қабристони Хованское шуда, бо коргарони тоҷики он вориди занозание шуд, ки ба тирпаронӣ печид ва 3 шаҳрванди Тоҷикистонро кушта ва ҳудуди 30 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Коргарони тоҷик мегӯянд, ин гурӯҳи ҷиноӣ аз номи Юрий Чабуев амал мекард ва аз мардикорони талаб дошт, ки нисфи даромадашонро ҳамчун “ҳақ” (“доля”) ба онҳо бидиҳанд. Чабуев дар додгоҳ гуфтааст, ки ӯ мехост бо созмони ҷамъиятии “Здоровая нация” дар оромгоҳ дидбонӣ ташкил кунад, чунки муҳоҷирон дар инҷо ғайриқонунӣ кор мекарданд. Алайҳи Чабуев бо иттиҳоми куштор, авбошӣ ва ҳифзи ғайриқонунии силоҳ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ҷанозаҳои Сӯҳроб Хушаков, Иноят Ризоев ва Сайнуриддин Собиров рӯзи 18 май дар зодгоҳашон – Роғун – ба хок супурда шуданд.

XS
SM
MD
LG