Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Навалний гуфт, пеш аз ҳамлаи казакҳо онҳоро пулис таъқиб мекард

Алексей Навалний, раҳбари мухолифони Русия гуфтааст, пулис давоми чаҳор рӯз дар Анапа ӯ ва аъзои Бунёди мубориза бо фасодашро, ки рӯзи сешанбе аз сӯи казакҳо ҳамла шуданд, ошкоро назорат мекард.

Вай дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, "онҳо замони ҳамларо ҳамоҳанг мекарданд".

Ҳамла ба Навалний ва ҷонибдорони ӯ дар фурудгоҳи Анапа сурат гирифта, дар он наздики 30 ҳамлагар иштирок дошт. Пулис дар ин ҳодиса дахолат накардааст.

"Иҷрогарони ин ҳамла "казакҳо" ва кормандони пулис буда, фармоишгараш, албатта, ҳукумат аст", - гуфтааст мухолифи рус.

Казакҳо мегӯянд, саркори ин задухурд яке аз аъзои Бунёди мубориза бо фасоди Навалний аст. Зеро онҳо гӯиё нияти ҳамларо надоштаанд ва задухурд ҳам замоне оғоз шуд, ки яке аз ҷонибдорони Навалний казакеро задааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тихановская хостори ба Беларус ирсол шудани ҳайати байналмилалӣ шуд

Тихановская дар интихоботи президентӣ мағлуб эълон шуд, вале ӯву тарафдоронаш интихоботро тақаллубшуда меҳисобанд

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская аз Минск тақозо кард, ки ба кишвар як ҳайати байналмилалиро роҳ бидиҳад, то ҷиноятҳои эҳтимолии президент Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро, ки барои саркӯби эътирозгарон танқид мешавад, таҳқиқ бикунад. СММ аз бунёди “девори дигари оҳанӣ” дар Аврупо ҳушдор додааст.

Тихановская рӯзи 18-уми сентябр зимни суханрониаш дар ҷаласаи изтирории Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева аз Литва тавассути хати онлайнии видеоӣ пайваст шуд. Ӯ ба хатми хушунат нисбати эътирозгарон ва даъвати интихоботи нави озоду одилона даъват кард. Ӯ бори дигар аз ҳукумат хост, ки ба муколама биёяд, то, ба гуфтааш, бӯҳрони баамаломада аз роҳи сулҳомез ҳалли худро пайдо кунад.

Ин ҷаласа як рӯз баъди он баргузор шуд, ки дар Парлумони Аврупо бо раъйи оро қатъномае қабул шуд, ки Лукашенкоро ба ҳайси президенти Беларус эътироф намекунад. Мӯҳлати кунунии раҳбарии ӯ моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Қатъномаи Парлумони Аврупо натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми августро ҳам эътироф намекунад, чун онро мухолифон ва ғарб тақаллубшуда номиданд. Ҳатто баъди шаш ҳафта эътирозҳои садҳо ҳазор сокини Беларус аз натиҷаҳои интихобот ва бо талаби истеъфои Лукашенко ӯ ба муколама бо онҳо розӣ нашуд ва бо ёрии нирӯҳои қудратӣ ба саркӯбу ҳабсу шиканҷаи эътирозгарон даст зад.

Тарҳи нави USAID ба хотири таъмини амнияти ғизо дар Тоҷикистон

Як корманди USAID дар фурудгоҳи Русия

Оҷонсии ИМА оид ба рушд гуфт, барномаи нави панҷсолаи худ “оид ба амнияти озуқаворӣ бо маблағи 36 миллион доллари амрикоӣ"-ро дар чаҳорчӯби ташаббуси ҳукумати ИМА бо номи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” роҳандозӣ мекунад. Ҳадафи ин барнома мубориза бо фақру гуруснагӣ ва кӯмак дар таъмини ғизо дар Тоҷикистон аст. Фаъолияти ин тарҳ аз таҳияи низоми “самараноки кишоварзӣ” иборат мешавад, ки “истеҳсол ва истеъмоли ғизоро беҳтар месозанд, институтҳои маҳаллӣ ва шарикони бахши хусусиро тақвият хоҳад бахшид ва муҳити кишоварзиро, алалхусус дар идоракунии замин, беҳтар хоҳад намуд”. Дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр дар як иттилоияи расмии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода шудааст. Дар хабар омадааст, ки тарҳи пешини Оҷонсии рушди ИМА дар заминаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба манфиати хоҷагиҳои хурд буд ва 120 ҳазор кишоварз дар Тоҷикистон “даромади худро 194% афзоиш доданд, беш аз 3 миллион доллар даромадро аз фурӯши маҳсулот ба даст оварданд”.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ мебошад ва мизони фақру бенавоӣ дар ин кишвар бо ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ тахминан 30 дарсадро ташкил медиҳад.

Тими Навалний ошкор шудани оби заҳролудро шарҳ дод

Reuters рӯзи 17-уми сентябр аксро бо шишаҳои эҳтимолии заҳролудшудаи об дар утоқи меҳмонхонаи Навалний дар Томск нашр кард

Муттафиқони Алексей Навалний рӯзи 17-уми сентябр гуфтанд, ки нишонаҳои заҳре, ки бо он сиёсатмадори мухолифи Кремлин заҳролуд шудааст, дар дохили як шишаи обе дар утоқи як меҳмонхонаи Сибир ошкор шуд. Парлумони Аврупо дар паи ин ҳодиса ба ҷорӣ кардани таҳрими бештар нисбати Русия даъват карда ҳукумати ин кишварро дар нақзи ҳуқуқи инсон гунаҳгор намуд. Дар як блоги Навалний дар Инстаграм рӯзи 17-уми сентябр гуфта шудааст, ки вақте бемор шудани ӯ расонаӣ шуд, ҳамкоронаш ҳанӯз дар дохили меҳмонхонаи “Xander”-и шаҳри Томск буданд. Онҳо ҳамон замон ба утоқе, ки он ҷо Навалний истода буд, рафтанд ва ҳама гуна ашёи шубҳаомез, аз ҷумла як шишаи бозшудаи оби минералиро бо номи “Святой источник” (“Чашмаи муқаддас”) бо худ бурданд. Вебсайти “Проект” бо такя ба як муттафиқи Навалний навишт, ки шишаи мазкур аз ҷониби Мария Певчих, як узви тими сиёсатмадори заҳролудшуда ба Берлин бурда шуд. Певчих як сокини Бритониё мебошад. Дар ҳамин ҳол дар Брюссел Парлумони Аврупо дар робита бо қазияи Навалний ба ҷорӣ кардани таҳримҳои шадиди Русия даъват карда гуфт, ки Кремлин бо ҳадафи бастани даҳони Навалний талош кард ӯро бикушад. Аъзои парлумон гуфтанд, ки қазияи Навалний як бахше аз “талошҳои доимии” ҳукумати президент Владимир Путин барои саркӯби мухолифон мебошад. Дар ҳамин ҳол рӯзи 17-уми сентябр як муфаттиш аз Томск ба Маскав рафта аз дафтари Навалний дидан кардааст.

Марзбонҳои Полшаву Украина: марз бо Беларус боз аст

Як гузаргори марзии Беларус

Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфт, ки назорати марзи давлатӣ сахттар шудааст, вале ҳама гузаргоҳҳои марзӣ боз мемонанд. Ин дар ҳолест, ки президенти ин кишвар Александр Лукашенко, ки шаш ҳафта инҷониб дар муқобили мардуми эътирозгари талабгори истеъфояш қарор дорад, гуфт, ин кишвар бояд дар марзҳои ғарбиаш тадбирҳое биандешад. Кумитаи марзбонӣ рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ки “хадамоти марзбонӣ назорати марзҳои давлатии Ҷумҳурии Беларусро аз роҳи ҷалби нирӯҳои тактикии захиравӣ тақвият додааст”. Ин ниҳод гуфт, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба қудрати пурра кор мекунанд.

Марзбонҳои Полша ба оҷонсии Reuters рӯзи 18-уми сентябр гуфтанд, ки дар марзи Полшаву Беларус ҳеҷ мушкиле намебинанд ва сухангӯи марзбонии Украина Андрей Демченко тавассути телевизион гуфт, дар ҷониби Беларус ҳеҷ нирӯи иловагӣ ваё васоили фанние гузошта нашудааст, ки аз баста шудани марз аломат медода бошанд. Рӯзи 17-уми август президенти Беларус Александр Лукашенко Полшаву Литва ва Украинаро дар он гунаҳгор кард, ки ба гуфтааш, дар талоши доман задани “як низои доғ” ҳастанд ва гуфт, ки марзҳо бо ин кишварҳо бояд баста шаванд. Мухолифон ва сокинони зиёди Беларус Лукашенко ва мақомотро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август гунаҳгор мекунанд.

Беш аз 30 миллион нафар. Рекорди нави олудашавиҳо ба коронавирус дар ҷаҳон

Белград. Марде озмоиши коронавирусро мегузарад

Шумори нафарони олуда ба коронавирус дар ҷаҳон аз 30 миллион нафар гузашт. Ин омори 17-уми сентябр дар ҳоле нашр шуд, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, дар қораи Аврупо мизони олудашавӣ ба вируси нав «ташвишовар» мешавад. Зоҳиран, оморе, ки аз ҷониби донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс нашр мешавад, боз ҳам поинтар аз сатҳи воқеии олудагӣ аст, чунки бисёр ҳодисаҳои гирифторӣ ба вируси нав қайдношуда боқӣ мемонад. Марги инсонҳо бар асари коронавирус дар ҷаҳон 942,989 нафарро ташкил дода, ҳамчунин гумон аст, ки ин омор ниҳоиву пурра мебошад. Ҳанс Клюге, раиси СҶТ дар Аврупо гуфт, ҳолате, ки як моҳи охир мушоҳида мешавад, “барои ҳамаи мо бояд ҳушдоре бошад”. Ба иттилои ин созмон, дар 53 кишваре, ки ба ҳавзаи аврупоии СҶТ шомил мешаванд, 5 миллион ҳодисаи олудагӣ ба Covid-19 ва беш аз 227 ҳазор ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло ИМА бо беш аз 6,6 миллион ҳолати олудагӣ ва беш аз 197 ҳолати марг дар садри феҳристи кишварҳои осебдида аз коронавирус қарор дорад. Дар Ҳинд беш аз 5 миллион олудашуда ва беш аз 83 ҳазор ҳолати марг сабт шудааст. Баъди он Бразилия, минтақаи Ховари Миёна ва Африқо қарор доранд.

Узбекистон аз 1 октябр марзҳояшро мекушояд. Номи Тоҷикистон ҳам ҳаст

Як гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Узбекистон

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки аз 1-уми октябри имсол марзҳои кишварро пурра боз карда, ҳаракати мошину қатор ва ҳавопаймоҳоро барқарор мекунанд. Дар ин бора рӯзи 17-уми сентябр қарори вижаи Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон содир шуд.

Шарти асосии кушода шудани марзҳо ва вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон ин аст, ки меъёрҳои бехатарии беҳдоштӣ риоя шаванд.

Бино ба он, мусофироне, ки 14 рӯзи ахир дар кишварҳои ба истилоҳ “сабз" қарор доштанд, ба Узбекистон бе маҳдудият ворид мешаванд. Ба рӯйхати ин кишварҳо Чин, Тайланд, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Маҷористон, Финляндия, Латвия, Австрия ва Ҷопон шомиланд.

Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар харитаи эпидемиологӣ бо хатти зард ишора шудаанд (Озарбойҷон, Белорус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҷуз аз Бритониё ва Испания) ва инчунин "кишварҳои сурх" (кишварҳои боқии ҷаҳон) танҳо дар асоси натиҷаи манфии озмоиши коронавирус, ки на дертар аз 72 соат гирифта шудааст, ба Узбекистон роҳ дода мешаванд.

Агар чунин тест набошад, онҳоро ба ҳавопаймо роҳ намедиҳанд ва агар мусофир нишонаҳои коронавирус дошта бошад, дар фурудгоҳ аз ҳисоби худ аз санҷиш мегузарад.

Онҳое, ки тавассути роҳҳои заминӣ аз Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Узбекистон ворид мешаванд, баъд аз супоридани санҷиши коронавирус ё экспресс-тест ба карантини 14-рӯза дар меҳмонхона ё манзили шахсӣ фиристода хоҳанд шуд.

Дар Узбекистон аз моҳи март ба ин сӯ марзҳо, аз ҷумла марз бо Тоҷикистон бастааст. Шумори гирифторони бемории коронавируси нав дар ин кишвар аз марзи 49 ҳазор гузашт.

Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ хоҳад кард

Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус

Рӯзи 18-уми сентябр раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ дар мавзӯи саркӯби эътирозгарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи август суханронӣ мекунад. Ин ҷаласа бо даъвати Иттиҳоди Аврупо барпо мешавад ва Тихановская дар он тавассути тамоси онлайнии видеоӣ баромад мекунад. Иттиҳоди Аврупо аз раҳбари ҳуқуқи башари СММ Мишел Бачелет даъват кард, ки вазъ дар Беларусро аз наздик мушоҳида бикунад, чун дар ин кишвар то ҳол ҳазорҳо нафар боздошт, садҳо нафар аз ҷониби полис латукӯб шуданд ва ҳам гузоришҳо дар бораи шиканҷаҳои фаровон ба даст мерасад. Бачелет оғози ҳафтаи ҷорӣ гуфт, ки ин иттиҳомот бояд “сабту ҳуҷҷатгузорӣ шаванд, то ки гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ бикашанд”. Интихоботи рӯзи 9-уми август, ки бо пирӯзии президент Александр Лукашенко анҷомид, ба бовари мухолифонаш тақаллуб шудааст. Тихановская, ки ба қавли мақомоти комиссиюни интихоботӣ дар интихобот мағлуб шуд, ба Литва фирор кард. Ӯ рӯзи 17-уми август гуфт, ки гурӯҳҳои мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ ният доранд, ки феҳристи мақомот ва кормандони амнияти дастдошта дар хушунати алайҳи эътирозгаронро нашр кунанд. Ӯ гуфт, ки ин феҳрист бо ИМА, ИА ва дигарҳо тақсим карда мешавад. Тихановская хитоб ба кормандони сохторҳои ҳифзи қонун гуфт, беҳтараш аз хушунат даст кашанд, чун як рӯз ҳатман дар баробари қонун посух хоҳанд дод.

Порлумони Аврупо ба таҳқиқи байналмилалии заҳролудшавии Навалний даъват кард

Алексей Навалний.

Порлумони Аврупо ба таҳқиқи байналмилалии заҳролудшавии мухолифи рус Алексей Навалний бо иштироки Иттиҳоди Аврупо (ИА), СММ, Созмони манъи силоҳи кимиёӣ ва Шӯрои Аврупо даъват кард.

Вакилони порлумони Аврупо ҳамчунин аз Русия даъват карданд, ки ба хотири таъмини тафтиши беғаразона ва ба ҷавобгарӣ кашидани дастандаркорон ҳамкорӣ кунад.

Дар қатънома гуфта шудааст, "кушиши куштори Навалний як ҷузъи талошҳои системавиест, ки ба хомуш сохтани ӯву садоҳои дигари интиқодӣ дар Русия" равона карда шудаанд.

Порлумони мазкур ба ИА таҳияи стратегияи нав дар муносибат ба Русия, рӯйхати маҳдудиятҳои нав зидди ин кишвар ва афзоиши таҳримҳои амалкунанда зидди Кремлро пешниҳод кард. Ҳамчунин аз ИА хостааст, мансабдоронеро, ки ҳадафи таҳқиқоти Бунёди мубориза бо фасоди Навалний қарор гирифтанд, таҳрим кунад.

Як банди алоҳидаи қатънома ба зарурати дастгирии ҷомеаи маданӣ ва расонаҳои мустақили Русия бахшида шудааст. Ҳамчунин гуфта шуда, ки барои таҳсили ҷавонони Русия дар ИА шароит фароҳам карда шавад. Аз ҷумла, барои ин ҷавонон дар яке аз кишварҳои ИА "Донишгоҳи Русия дар хориҷ" таъсис дода шавад.

Раҳбари ниҳоди дипломатии ИА Жозел Боррел ҳангоми суханронӣ дар порлумони Аврупо пешниҳод кард, низоми таҳриме, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон дар ҳоли омодашавӣ аст, ба номи Навалний гузошта шавад.

Навалний рӯзи 20-уми август ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст. Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад.

Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ боз намешавад.

Белорус марзашро бо Литва ва Лаҳистон мебандад

Марзи Белорус бо Лаҳистон.

Президенти Белорус гуфт, марзҳои кишвараш бо Литва ва Лаҳистон баста ва назорат дар марз бо Украина пурзӯр карда мешавад.

"Мо маҷбур ҳастем, ки нерӯҳоро аз кӯчаҳо барорем, ними артишро мусаллаҳ гузорем ва марз бо Ғарбро бандем", - изҳор дошт Лукашенко.

Бахши белорусии Радиои Озодӣ навиштааст, ки ин гуфтаҳои президент Лукашенко дар амал чи гуна иҷро мешаванд, маълум нест.

Президенти Белорус афзуд, ки эътироф шудани интихоботҳои кишварашро аз сӯи давлатҳои дигар зарур намешуморад ва маъмурони ОМОН-ро барои амалҳояшон дар ҷараёни эътирозҳо тавсиф кард.

Эътирозҳо дар Белорус баъди он оғоз шуданд, ки Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар дар интихоботи президентии 9 август раисҷумҳур Александр Лукашенкоро дубора баранда эълом кард. Садҳо эътирозгар боздошт ва дар бораи таҳқиру шиканҷа шудани дастгиршудаҳо низ хабар дода шуд.

Собиқ вазири тандурустии Қирғизистон ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд

Косбосбек Чолпонбоев, собиқ вазири тандурустии Қирғизистон.

Космосбек Чолпонбоев, вазири пешини тандурустии Қирғизистон то 15 ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки он кишвар дар ин бора қарор қабул кард.

Чолпонбоев аз сӯи мақомоти мубориза бо фасоди Қирғизистон рӯзи 15 сентябр бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом боздошт шуд.

Космосбек Чолпонбоев аз 20 апрели соли 2018 то 1 апрели соли 2020 вазири тандурустии Қирғизистон буд.

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон пештар аз ин хабар дод, ки зидди як қатор шахсони масъули Вазорати тандурустии он кишвар бо гумони хунукназарӣ ва сӯистифода аз мақом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Раҳбарони вазорат аз мақоми худ сӯистифода карда, барои хидматрасониҳои машваратӣ қарордодҳои зараровар имзо кардаанд. Дар натиҷа буҷаи давлати Қирғизистон ҳудуди 9 миллион сом зарар дидааст", -омадааст дар иттилоияи хадамот.

Ҷузъиёти дигари парванда ифшо намешавад.

Космосбек Чолпонбоев моҳи июли соли равон ба бозпурсӣ даъват шуда буд. Бозпурсӣ дар доираи парвандае сурат гирифт, ки зидди мансабдорони Вазорати тандурустии Қирғизистон барои фасодкорӣ ва ҳимояти манфиатҳои ширкатҳои алоҳидаи дорусозӣ боз шуд.

Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо дастури президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков баргузории озмун барои харидории лавозимоти муҳофизатӣ ва ниқобҳои тиббиро дар моҳи феврали соли равон таҳқиқ кард. Бар асоси хулосаи тафтишот зидди мансабдорон парванда боз гашт.

Рӯзномаи "ПолитКлиника" рӯзи 1-уми июл бо нашри як матлаб навишт, ки мақомоти тандурустии Қирғизистон аз вазъи изтирорӣ сӯистифода карда, ниқобу либосҳои муҳофизатиро 10 баробар гаронтар аз нархи бозор харидаанд.

Вакил хост, гумонбарони марги Рамазон Зоировро бар асоси шиканҷа муҳокима кунанд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи чаҳор сарбозу афсари қисми низомии "87740"-и Вазорати мудофиаро, ки дар марги ҳамхидмати худ Рамазон Зоиров гумонбар дониста мешаванд, ба поён расондааст.

Як манбаъ дар Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба “суистифода аз мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳаманд.

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеи хонаводаи Рамазон Зоиров хостааст, ба парванда моддаи “шиканҷа”-ро низ изофа кунанд. Худойназар Ортиқов, вакили мудофеъ, мегӯяд, “чаҳор сарбозу афсар Рамазон Зоировро шиканҷа кардаанд, то як гуноҳро ба дӯш гирад”.

“Тавре аз баёноти гумонбарон бармеояд, онҳо Рамазонро барои “қазои ҳоҷат”-и кадом сарбозе дар назди девори дидбонгоҳ латукӯб мекунанд ва мехоҳанд гуноҳро ба дӯш гирад. Аз зӯру мушту лагад истифода мекунанд. Ин ҳолат ба моддаи “шиканҷа” рабт мегирад”, -- афзуд вакили мудофеъ.

Дар Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон гуфтанд, ки дархости вакили мудофеъ мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ҷасади Рамазон Зоировро охири моҳи июли имсол ба волидонаш дода, гуфтаанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир зад ва дар роҳ ба бемористони ҳарбӣ фавтид. Пайвандонаш мегӯянд, бо вуҷуди таъкидҳои мақомот, ки ҷасади сарбоз шустааст ва бояд зуд дафн карда шавад, ӯро дубора шустанд ва диданд, ки "тир аз пушташ зада шудааст".

Дертар тафтишот чаҳор ҳамхидмати ӯро дастгир кард ва нисбат ба онҳо барои ба марг расонидани Рамазон Зоиров парванда кушод. Дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба сарбозони дастгиршуда аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.

Ба сабаби маълум набудани номи сарбозони боздоштшуда ёфтани наздиконашон ва, ҳамин тавр, фаҳмидани мавқеи онҳо то ин дам муяссар нашуд.

Рамазон Зоирови 22-соларо соли гузашта ба аскарӣ бурдаанд ва ӯ дар қисми низомии "87740"-и Вазорати дифоъ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хидмат мекард.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Мӯҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд. Моҳи ноябри соли 2018 Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон Сафармаҳмад Боқизодаи 20-соларо барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш Алӣ Мирзоеви 26-сола аз озодӣ маҳрум кард.

Трамп гуфт, мумкин аст, моҳи октябр дар Амрико ваксиназании саросарӣ шуруъ шавад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, моҳи октябр дар Иёлоти Муттаҳида ваксинзании сартосарии аҳолӣ аз коронавирус шуруъ мешавад ва дар поёни соли ҷорӣ 100 миллион мояи ваксин таҳия мешавад.

"Мо дар талоши он ҳастем, ки ваксинаро ба таври муассир ва бехатар дастрасу тақсим кунем. Мо бар ин назарем, ки метавонем, ин корро дар моҳи октябр шуруъ кунем", - гуфт Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед.

Трамп баъдтар илова кард, ки дар сурати аз масир берун рафтани нақшаҳо, ваксинзанӣ дар ИМА мумкин аст, "моҳи ноябр ё дери дер дар моҳи декабр" шуруъ шавад.

Вай гуфт, ба маҳзи аз сӯи Раёсати беҳдоштӣ ва назорати сифати маҳсулоти ғизоӣ ва доруӣ сабт шудани воксин, ИМА истеҳсоли мояҳои миллионии онро ба роҳ мемонад. Аммо мақомоти тандурустии ИМА гуфтанд, ки эҳтимол дорад, истеҳсоли сартосарии ваксина танҳо дар охири семоҳаи дувуми соли 2021 ба роҳ монда шавад.

Энтонӣ Фаучӣ, сартабиби бемориҳои уфунии Амрико гуфт, шаҳрвандони Амрико набояд дастрасӣ ба ваксинаро барвақттар аз нимаи соли 2021 интизор шаванд.

Ин дар ҳолест, ки президенти Русия Владимир Путин 11-уми август аз сабти "нахустин ваксинаи зидди коронавирус" хабар дода буд.

Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ин ваксина ҳамаи марҳилаҳои санҷишро нагузаштааст.

"Бедодгарӣ"-ҳои зукоми мурғ дар шимоли Қазоқистон

Вазорати кишоварзии Қазоқистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки "ба зидди паҳншавии зукоми мурғ" дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ чораҷӯйӣ мекунад.

Ба иттилои вазорат, аз 9 то 16-уми сентябр дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Қазоқистони Шимолӣ талафоти мурғи хонагӣ сабт шудааст.

"Марказҳои омӯзишӣ ба ин натиҷа расиданд, ки талафоти мурғ дар натиҷаи зуком рух додааст. Мақомоти Қазоқистон дар ин бора ба Созмони ҷаҳонии ҳифзи ҳайвон хабар доданд", - иттилоъ доданд дар вазорати кишоварзии Қазоқистон.

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтаанд, ки вилояти Қазоқистони Шимолиро поккорӣ ва ҷасади мурғҳои аз зуком талафшударо маҳв кунанд. Аз 17-уми сентябр содироти мурғ ва маҳсулоти мурғӣ аз вилоят манъ шудааст.

Ба соҳибони мурғҳои талафшуда ваъдаи кумакпулӣ дода шудааст.

Кремл мегӯяд, "Ҷараёни шимол-2"-ро бо қазияи Навалний набояд омехта кард

Кремл мегӯяд, иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2"-ро, ки гази Русияро тавассути баҳри Балтик то ба Олмон мерасонад, набояд бо парвандаи заҳролудшавии мухолифи рус Алексей Навалний рабт дод.

Олмон яке аз ҷонибдорони фаъоли иҷрои тарҳи "Ҷараёни шимол-2" аст. Вале аз эътилофи ҳоким ба раҳбарии садри аъзами Олмон Ангела Меркел даъват доранд, ки агар Маскав барои ҳамкорӣ дар тафтиши заҳролудсозии эҳтимолии Навалний розӣ нашавад, Берлин аз тарҳи бунёди лӯлаи газ хориҷ шавад.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, "Ҷараёни шимол-2" набояд сиёсӣ карда шавад. "Он як тарҳи тиҷориест, ки ҳам ба нафъи Русия ва ҳам кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Олмон аст", - афзуд ӯ.

Навалний рӯзи 20-уми августи имсол ногаҳон худро бад ҳис кард ва баъди ду рӯз бо дархости ҳамсараш барои муолиҷа ба Олмон интиқол дода шуд. Мутахассисони олмонӣ гуфтанд, сиёсатмадори 44-сола ва як муборизи зидди фасод бо “Новичок”, ки ба гурӯҳи заҳрҳои низомӣ шомил мешавад, заҳролуд шудааст.

Баъди ин ҳодиса бисёр кишварҳо аз Русия тақозо карданд, ки таҳқиқи мустақилонаи ин қазияро ба роҳ монад. Русия гуфт, ки бо сабаби набуди далели қотеи заҳролудшавии Навалний парвандаи ҷиноӣ кушода намешавад.

Фаъолони узбек аз Швейтсария хостанд, ба "дуздӣ"-и дороиҳои Гулнора Каримова иҷозат надиҳад

Гулнора Каримова

Ҳомиёни ҳуқуқ ва маҳбусони пешини сиёсии узбек дар хориҷ аз ҳукумати Швейтсария даъват карданд, ки иҷозат надиҳад, то дороиҳои дуздии Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов тавассути нақшаҳои гуногуни коррупсионӣ дубора дуздида шаванд.

Ин муроҷиатномаи фаъолони узбек баъди он нашр шуд, ки ҳукумати Швейтсария гуфт, розӣ шудааст, 131 млн доллари мусодирашуда аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримоваро ба Тошканд бидиҳад.

Муроҷиатнома дар сомонаи Бунёди узбекӣ-олмонӣ оид ба ҳуқуқи инсон - Uzbekforum.org рӯзи 16-уми сентябр нашр шуд. Фаъолони узбек хостаанд, дороиҳои Каримова ба дастгирии ислоҳот дар мубориза бо коррупсия сарф шаванд. "Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки бойгариҳои дуздидашудаи мардуми узбек тавассути нақшаҳои коррупсионӣ дубора ба дасти худи фасодкорон бирасад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Хабаргузории Associated Press чанде пеш навишт, ки ҳукумати Швейтсария ва Тошканди расмӣ дар робита ба шартҳои баргардонидани дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова ба ватан созиш карданд.

Бар асоси созиши ҳосилшуда, ҳудуди 131 млн долларе, ки аз ҳисобҳои бонкии Гулнора Каримова дар Швейтсария мусодира шуда буданд, ба мақомоти Узбекистон баргардонида мешаванд. Вале ин созишнома аз мақомоти узбек иҷрои як қатор шартҳоро талаб мекунад. Аз ҷумла, бояд дар раванди баргардонидани пулҳо, харҷи онҳо ба "беҳсозии зиндагии мардум" ва сармоягузории тарҳҳо шаффофият таъмин карда шавад.

Бино ба хабарҳо, беш аз 650 млн франки швейтсарии дигари духтари президенти нахустини Узбекистон дар ҳабс боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем, Вазорати адлия ва Додситонии кулли Узбекистон моҳи майи соли равон дороиҳои Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар тавонистанд, баргардонанд.

Як мардро барои бадрафторӣ дар Душанбе 17 сол зиндонӣ кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як марди 34-соларо барои бадрафторӣ бо чанд ноболиғ ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр дафтари матбуоти Додгоҳ хабар дод. Ба иттилои манбаъ, Вадим Ивакин шаҳрванди Тоҷикистон аст ва маълумоти олӣ дорад. Ӯро бар асоси моддаи "ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ" гунаҳкор шинохтаанд. Маълум нест, худи ӯ дар додгоҳ ин иттиҳомро пазируфтааст, ё не. Вале аз рӯйи хабари Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст. Додгоҳи пойтахт рӯзи 2-юми сентябр ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро бетағйир гузоштааст. Вадим Ивакин давраи ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт адо хоҳад кард. Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд.

Расонаҳо аз аксбардорони Белорус ҳимоят карданд

Хабарнигори Радиои Озодӣ Влад Ҳрудзин ҳам ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум шуд.

Расонаҳои бонуфузи мустақил дар Белорус ба нишони ҳамраъйӣ бо ду аксбардори зиндонӣ, аз ҷумла аксбардори Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми сентябр саҳифаҳои аввали худро холӣ чоп карданд. Онҳо дар ин саҳифаи холӣ навиштаанд, ки “Инҷо бояд як аксе мебуд”.

Александр Васюкович ва Влад Ҳрудзинро барои инъикоси тазоҳуроти оммавӣ дар Минск ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Дар саҳифаҳои холии ин расонаҳо навишта шудааст, ки ҳарду аксбардор барои “ширкат дар чорабинии беиҷоза” ба ҳабс маҳкум шуданд.

Влад Ҳрудзин, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Минск ва Александр Васюкович аксбардори ҳамкор бо вебсайти хабарии tut.by - ро додгоҳи Минск рӯзи 16-уми сентябр барои риоят накардани қонун дар бораи гирдиҳамоӣ дар Белорус ба ҳабс маҳкум кард. Бо айни иттиҳом фарди саввум ва рафиқи ҳарду хабарнигор Егор Калянинро 210 доллар ҷарима бастанд.

Ин се нафарро рӯзи 13-уми сентябр ҳангоми раҳпаймоии эътирозии даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Минск дар як ресторан дастгир карданд. Дар Белорус бештар аз як моҳ аст, эътироз ба зидди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август идома дорад, ки дар он Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз эълон шуд.

Қотили 77 нафар мехоҳад, ӯро афв кунанд

Брейвик ҳангоми яке аз муҳокимаҳо дар соли 2017, ишораеро мекунад, ки хоси фашистон аст.

Андерс Беринг Брейвик, як ростгарои ифротӣ, ки 77 нафар ва аксаран наврасонро дар Норвегия кушт, хостааст, ки ӯро афв кунанд. Вакили дифоаш Ойстен Сторвик рӯзи 16-уми сентябр гуфт, Брейвик ҳамчунин мехоҳад, ҳукумати Норвегияро барои “номуносиб” будан шароити зиндон ба додгоҳ кашад, чун ӯро аз тамоми зиндониён ҷудо нигаҳ медоранд.

Андерс Брейвик моҳи июли соли 2011 бо бомбгузорӣ дар назди як қароргоҳи ҳукумат 8 нафарро дар шаҳри Осло кушт ва сипас дар либоси афсари пулис ба як урдӯгоҳи наврасони Ҳизби коргарӣ дар ҷазираи Утоя рафт ва 69 нафарро бо зарби тири туфанг кушт.

Ӯро моҳи августи соли 2012 ба 21 соли зиндон ва сахттарин ҷазо дар Норвегия дар он замон маҳкум карданд, вале ҳукми ӯро метавонанд дарозтар кунанд. Ойстен Сторвик ба рӯзномаи “Верденс Ганг” гуфтааст, ки Брейвик баъди хатми 10 соли ҳукмаш ҳақ дорад барои афв муроҷиат кунад.

Ӯ афзудааст: ”Ин ҳаққи тамоми зиндониён аст ва ӯ метавонад, аз ин ҳаққи худ истифода барад.” Вакили дифоаш гуфтааст, Брейвик, ки номашро ба Фйтолоф Ҳансен иваз кард, мехоҳад, ҳукуматро барои муддати тӯлонӣ дар инзиво нигаҳ доштанаш ба додгоҳ бикашад.

Амрико ду эрониро ба рахнагарӣ муттаҳам кард

Ба гуфтаи додситонҳои Амрико, шаҳрвандони Эрон дар шаҳри Ҳамадон нишаста ба рахнагарии шабакаҳои компютерӣ машғул будаанд.

Додситонҳо дар Амрико мегӯянд, ки ду шаҳрванди Эронро ба рахнагарии донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ва чандин муассисаҳои дигар дар ин кишвар, Аврупо ва Ховари Миёна муттаҳам кардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, Ҳуман Ҳайдариёни 30-сола ва Меҳдӣ Фарҳодии 34-сола даҳҳо терабайт иттило, аз ҷумла дар бораи амнияти миллӣ, ҳавонавардӣ, таҳқиқоти нашрношуда ва дигар маълумоти ҳассосро аз ин муассисаҳо дуздидаанд.

Вазорати адлияи Амрико рӯзи 16-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳарду муттаҳам ба ҷиноятҳо аз шаҳри Ҳамадон “ бисёре аз ин рахнагариҳоро аз тарафи ҳукумати Эрон анҷом додаанд.” Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки онҳо “борҳо вебсайтҳоро вайрон кардаанд ва паёмҳое доир ба нобудии мухолифони дохилӣ, душманони хориҷӣ ва кишварҳои рақиби Эрон, аз ҷумла Исроил ва Арабистони Саудӣ нашр кардаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, рахнагарон баъзе аз иттилооти дуздидаро дар бозори сиёҳ фурӯхтаанд. Крейг Карпентио, додситони Ню Ҷерсӣ гуфт, “Ин шаҳрвандони Эрон, зоҳиран рахнагарии васеъеро дар инҷо дар Ню Ҷерсӣ ва тамоми ҷаҳон ба роҳ андохтанд.”

Ҳамроҳонаш мегӯянд, зарфи оби Навалний олуда будааст

Яке зарфҳои об боз будааст.

Шарикони Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия мегӯянд, олудагиҳои заҳри фалаҷкунандаи асабро дар яке аз зарфҳои оби ӯ дар утоқаш дар шаҳри Томск пайдо кардаанд.

Навалнийи 44-сола дар дохили ҳавопаймое, ки аз Томск ба Маскав парвоз мекард, бемор шуд ва ӯро ба шифохонаи шаҳри Омск оварданд. Алексей Навалнийро сипас барои муолиҷа ба бемористони Харите дар Олмон бурданд ва ба гуфтаи табибон, ташхис нишон додааст, ки ӯ бе ягон шакку шубҳа аз заҳри қотил аз гуруҳи “Новичок” заҳролуд шудааст.

Моддаи кимиёвии мазкурро дар аҳди шӯравӣ офаридаанд. Рӯзи 17-уми сентябр дар як блоге дар саҳифаи Навалний дар Инстаграм навиштанд, ки ҳамроҳони ӯ дар замони беморӣ дар меҳмонхонаи Томск будаанд ва зуд ба утоқаш рафта, ҳамаи ашёҳои шубҳабарангезро гирифтаанд.

Онҳо дар онҷо як зарфи оби «Чашмаи муқаддас”- ро ёфтаанд. Вебсайти “Проект” рӯзи 17-уми сентябр навишт, ки зарфи обро Мария Певчих яке аз ҳамроҳони Навалний бо худ барои ташхис ба Берлин бурдааст.

Антонио Гутерреш COVID-19-ро хатари рақами 1 дар ҷаҳон номид

Антонио Гутерреш гуфт, буҳрони коронавирус дар аҳди мо собиқа надоштааст.

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, пандемияи COVID-19 ҳануз ҳам «хориҷ аз назорат» мемонад ва ҷаҳон ба «марҳилаи торик»-и марги як миллион нафар аз коронавирус наздик мешавад.

Антонио Гуттереш дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 16-уми сентябр гуфт, ки коронавирус таҳдиди рақами як ба амният дар ҷаҳон шудааст ва буҳронеро ба вуҷуд овардааст, ки «дар аҳди мо собиқа надоштааст». Ӯ гуфт, ҳафтаи оянда дар нишасти онлайнии Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат мекунад, то охири сол дар саросари ҷаҳон созиши оташбас эълон кунанд.

Гутерреш бори аввал рӯзи 23-уми март хост, дар саросари ҷаҳон созиши оташбас эълон кунанд. Айни замон бино ба омори ҷамъовардаи Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико, талафот аз COVID-19 дар ҷаҳон ба марзи 940 ҳазор нафар наздик шудааст. Теъдоди гирифторон тақрибан ба 30 миллион кас расидааст.

Дар Ҳинд, ки вирус дар онҷо босуръат доман паҳн мекунад, ки вазорати тандурустӣ гуфт, ки дар 24 соати гузашта тақрибан 98 ҳазор мавриди нави сироятро сабт кардааст.

Афзоиши теъдоди беморон дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ҳам зиёд ва мояи нигаронӣ шудааст. Олмон аз ҷумла шаҳрҳои Вена, Будапешт ва Амстердамро “минтақаҳои хатарнок” эълон кард ва гуфт, ҳар касе аз ин шаҳрҳо меояд, бояд ҳатман дар карантин нигаҳ дошта шавад.

Сафари дурӯзаи вазири умури хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон

Ҳаниф Атмар ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазирони умури хориҷии Афғонистон ва Тоҷикистон.

Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 17-уми сентябр дар раъси як ҳайати баландпояи давлатии он кишвар бо сафари дурӯза вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шудааст. Вазорати умури хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки дар ин сафар Ҳаниф Атмарро раисони чанд вилоят, намояндагони порлумон ва мақомоти дигари давлатӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар расонаҳои Тоҷикистон то ҳануз роҷеъ ба сафари оқои Атмар ва барномаву мулоқотҳои ӯ дар Душанбе хабаре нашр нашудааст. Аммо Вазорати умури хориҷии Афғонистон хабар дод, ки қарор аст оқои Атмар дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазир, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ва Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯ кунад.

Ба иттилои манбаъ, тақвияти ҳарчӣ бештари робитаҳои ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ ва марзӣ, нақлиёт, сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит ва энержӣ, аз мавзуъҳои меҳварии ин гуфтугӯҳо хоҳад буд.

Сафари оқои Ҳаниф ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳафтаи гузашта Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сафар карда, бо Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллӣ, Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси порлумон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ, Аҳмад Зиё Сироҷ, раҳбари Раёсати амнияти миллӣ, Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷӣ, Асадуллоҳ Холид, вазири дифоъ ва Масъуд Андаробӣ, вазири умури дохилии Афғонистон, гуфтугӯ карда буд.

Мақомоти тоҷик он замон гуфтанд, ки вазъи амниятии ду кишвар ва минтақа, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва энержӣ, аз мавзуъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Дар марзи Русия бо Қазоқистон ҳазорҳо муҳоҷир дармондаанд

Муҳоҷирон дар марзи Қазоқистон.

Дар ноҳияи Кинели вилояти Самараи Русия, ҳаммарз бо Қазоқистон 4 282 муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, ки наметавонанд ба ватан баргарданд, ҷамъ омадаанд. Дар маҳалли таҷаммуи муҳоҷирон хаймаҳо насб шуда, ба онҷо об ва маҳсулоти ғизоиву ниёзи аввал интиқол дода мешавад.

Мақомоти Узбекистон рӯзҳои 12-14 сентябр 1,5 ҳазор шаҳрванди худро бо қатора ба ватан фиристоданд, ки 19 сентябр ба хонаҳои худ хоҳанд расид. Қарор аст, муҳоҷирон аз Новосибирск низ бо қатора ба ватан фиристода шаванд. Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Москва, Қазон, Ростова-на-Дону, Санкт-Петербург ва Екатеринбург сурат мегиранд.

Муҳоҷирон мегӯянд, дар дохили хаймаҳо дар замин хобанд. Сокинони маҳаллӣ ба муҳоҷирон дору, ғизо, ашёи гарму болопӯш кумак мекунанд.

Дар марзи Русия бо Қазоқистон ҳудуди 3300 муҳоҷир аз Қирғизистон низ ҷамъ шудааст. Дар ин бора сафири Қирғизистон дар Русия Алибек Ҷекшенқулов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин муҳоҷирон дар ҳудуди вилоятҳои Самара, Оренбург ва Бошқирдистон қарор доранд.

"Бо ҷониби Қазоқистон барои боз шудани марз гуфтугӯ дорем, вале то ҳол ҷавоб надодаанд", - афзуд ӯ.

Қазоқистон марзҳои худро, ки дар пайи шуюи коронавирус баста шудаанд, то ҳол ба рӯи воситаҳои нақлиёти мусофирбар расман боз накардааст.

Дар шаҳри Тошканд COVID-19 дари ду мактабро баст

Яке аз мактабҳои шаҳри Тошканд.

Маҷлиси вакилони шаҳри Тошканд ба далели паҳншавии коронавирус қарор кард, ки дари ду мактаб дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд баста шавад.

Вазорати таҳсилоти оммавии Узбекистон хабар дод, ки дар мактабҳои №40 ва №262 дар ноҳияи мазкур омӯзгорон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Мақомот гуфтанд, басташавии мактабҳо бо ҳадафи ҳифзи сиҳатии хонандагону омӯзгорон сурат гирифтааст.

"Дар робита ба ин аз омӯзгорон ва волидони хонандагон хоҳиш мекунем, ки ба овозаҳову нигарониҳои беасос дода нашаванд ва ҳаёти муқаррарии худро идома диҳанд",-хабар додааст вазорати таҳсилоти оммавии Узбекистон.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, баъд аз поккорӣ мактабҳои мазкур дубора ба фаъолият мепардозанд.

Сарпизишки беҳдоштии Қазоқистон боз иваз шуд

Ерлан Киясов, сарпизиши беҳдоштии Қазоқистон.

Ерлан Киясов бо қарори ҳукумати Қазоқистон муовини вазири тандурустӣ - сарпизишки беҳдоштии ин кишвар таъйин шуд.

Киясови 47-сола Донишгоҳи тиббии Қазоқистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобиро хатм кардааст.

Аз соли 1999 ба ин сӯ дар маркази тиббии маъмурияти президенти Қазоқистон ба ҳайси табиби беҳдоштӣ кор кардааст. Вазири кунунии тандурустии Қазоқистон Алексей Сой раиси ин марказ буд.

Дар пайи авҷи коронавирус дар низоми тандурустии Қазоқистон чандин бор аст, ки тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Вазири пешини тандурустии ин кишвар Елжан Биртанов дар пасманзари норасоии кату доруҳо дар беморхонаҳо аз мақомаш истеъфо дод. Ба ҷои вай Сой таъйин шуд.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Олжас Абишев, ки дар замони Биртанов кор мекард, бо гумони дуздӣ дастгир гашт. Худи Биртанов аз мазҳари ом "нопадид" шуда, маълум нест, ки вазифаи нав мегирад ё не.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG