Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатле, ки сабаби нооромиҳо шуд, ба додгоҳ расид


Парвандаи қатли пурсарусадои кӯдак дар деҳаи Бурили вилояти Ҷамбули Қазоқистон, ки дар он сокини 18-солаи ин русто айбдор карда мешавад, ба додгоҳ фиристода шуд. Дар ин бора имрӯз хабаргузории "Новости-Қазоқистон" бо такя ба додгоҳи махсуси байниноҳиявии парвандаҳои ҷиноятии вилояти Ҷамбул хабар медиҳад.

"Парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ ворид шуда, ба судя Азамат Тлепов супорида шуд, - навиштааст хабаргузорӣ. - Дурсун Қаваз-оғлии соли таваллудаш 1989 дар ин парванда тибқи моддаи "Қатл" айбдор мешавад. Таърихи оғози муҳокимаи додгоҳӣ мушаххас нашудааст. Айбдоршаванда дар ҳабс аст".

Ёдовар мешавем, ки 15-уми феврал дар манзили хусусӣ дар деҳаи Бурили ноҳияи Байзақ ҷасади кӯдаке бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ошкор карда шуд. Дар ду рӯзи баъд аз ин ҳодиса дар деҳа нооромиҳо рух доданд ва пулис низоми таъмини тартибот дар ин деҳаро тақвият дод. Дар кӯчаҳо сарбозони гурӯҳҳои махсус навбатдорӣ мекарданд.

Гумонбар дар ин ҷиноят рӯзи дигар боздошт шуд. Дар пулис гуфтанд, ки вай аллакай баёнот додааст. Маъмурони пулис таъкид карданд, ки ҷиноят бар пояи "маишӣ" ва ҳангоми дуздии моликияти кушташуда рух додааст.

XS
SM
MD
LG