Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико. аз гуфтушунид бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав изҳори қаноатмандӣ кард. Дипломати воломақоми амрикоӣ рӯзи 24 март дар Твиттер музокиротро “муколамаи муфид бо ҳампаймони муҳим” номид.
Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров рӯи бӯҳронҳо дар Сурия ва Украина тамаркӯз карданд. Дар музокирот бо Лавров гуфт, ки баъди эълони оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ баъзе пешрафтҳо ба чашм мерасанд. Ӯ хостори идомаи оташбас ва афзоиши кӯмаки башарӣ ба Сурия шуд. Сергей Лавров, дар навбати худ, изҳор намуд, ки бо ҳамтои амрикоияш мавзӯи мусоидати ҷомеъаи байнулмилалӣ ба ҳалли бӯҳрони Украинаро ҳам баррасӣ кардааст.
Вазири умури хориҷии Амрико мехоҳад мушаххас кунад, ки раҳбарияти Русия то куҷо барои баррасии роҳҳои аз қудрат канор рафтанираҳбари Сурия Башор Асад омода аст. Ҳамзамон ӯ аз Маскав ҳоҳиш кард, ки болои ҷудоихоҳони рустабор барои иҷрои оташбас дар шарқи Украина фишор оварад.