Авбошон бӯстонсарои шикории президенти собиқ Виктор Януковичро ба тавре валангор карданд, ки дар он ҷо ба ҷуз аз се курсӣ, диван ва чаҳор миз дигар чизе боқӣ намондааст.
“Бино комилан валангор шудааст. Як дари шишагӣ нобуд шудааст”, - гуфт барандаи телевизионии украинӣ Денис Тархотелик. “Онҳо аз ин бино ҳама чизро гирифтанд – аз таҷҳизоти барқӣ сар карда, то ташнобу ноқилҳои барқиро”.
Ба ҷуз аз бинои асосӣ, дуздҳо ду бинои ёрирасон ва ҳаммомро ғорат карда, ҳатто ҷорубакҳои ҳаммомро бурдаанд. Ягона биное, ки тақрибан осеб надидааст, ин калисои кӯчаки назди бӯстонсарост.
Бӯстонсарои шикории воқеъ дар 40 километрии шимоли Межигоре, моликияти президент баъд аз соли 2015 бидуни назорат монда буд. Он замон баталони “Киев-2”, ки ин бӯстонсароро ҳифозат мекард, ба Украинаи Шарқӣ фиристода шуд. Эҳтимол дорад, баъд аз ин дарҳои ин бӯстонсаро барои яғмогарон кушода шудааст.