Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар сӯхтори Маскав 2 қирғиз ва 2 узбак низ даргузаштанд

Дар миёни қурбониёни сӯхторе дар коргоҳи дӯзандагии кӯчаи Строминкаи Москва ду қирғизтабори шаҳрвандони Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон низ ҳастанд.

Тибқи иттилои тасдиқшуда, теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ ба 12 нафар расид. Дар миёни фавтидагон се кӯдак аст, ки яке аз онҳо кӯдаки навзод мебошад. Кумитаи тафтишотии Русия хабари фавти танҳо як наврасро тайид мекунад.

Маъмурони ниҳодҳои интизомӣ шаҳрвандии фавтидагонро муайян карданд. Мушаххас шудааст, ки қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Як манбаъ аз ниҳодҳои интизомӣ ба Интерфакс гуфт, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз ду манбаи оташсӯзӣ мушаххас шуда, хомӯш кардани оташсӯзӣ чаҳор соат идома доштааст. Ба ин сабаб эҳтимол меравад, ки ин оташсӯзӣ барқасдона рух дода бошад.

Ба сабаби фавти одамон аз рӯйи моддаи “Нобудсозӣ ё вайрон кардани барқасдонаи моликият аз беэҳтиётӣ, ки боиси марги инсон ва ҷароҳатҳои ҷисмонӣ шудааст” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Тафтишот сабабҳои гуногуни оташсӯзӣ, аз ҷумла иҷтимоӣ ва фанниро таҳқиқ мекунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Идомаи ҷанги артиши Афғонистон бо Толибон. СММ аз “пайомади фоҷеабор” гуфт

Нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон

Рӯзи 3-юми август бархӯрдҳои мусаллаҳона дар маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон – шаҳри Лашкаргоҳ – сабт шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки мардуми зиёд дар миёни оташи артиши Афғонистон ва Толибони силоҳбадаст мондаанд, ки метавонад пайомади фоҷеабор дошта бошад.

Ҳафтаҳои охир Толибон ноҳияҳои бисёреро ишғол намуданд ва акнун ҳадафи ҳамлаҳои онҳо се маркази вилоят – шаҳрҳои Ҳирот, Лашкаргоҳ ва Қандаҳор – мебошад.

Артиши Афғонистон аз сокинони мулкии Лашкаргоҳ талаб кард, ки аз шаҳр берун шаванд, зеро эҳтимол ҳукумат ҳамлаи ҷавобӣ раҳандозӣ кунад.

Феълан Толибон маҳбас, қароргоҳи полис ва чанд бинои дигареро ишғол намуда, қароргоҳи раёсати амнияти миллиро ҳадаф қарор додаанд.

Идораи СММ мегӯяд, дар давоми 24 соати охир бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Лашкаргоҳ камаш 40 фарди осоишта ба ҳалокат расид.

Тамрини низомиёни Узбекистону Русия дар марз бо Афғнистон

Низомиёни рус барои тамрин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омода мешаванд

Низомиёни Русияву Узбекистон ба машқҳои муштараки ҳарбӣ пардохтанд. Тамрин дар размоишгоҳои Тирмизи Узбекистон, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад, 2-юми август оғоз ёфтааст.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳо ноиби фармондеҳи округи марказии ҳарбии Русия, Николай Терешенко ва ноиби вазири мудофиаи Узбекистон Қодир Турсунов иштирок намудаанд.

Дар ин тамринҳо, дар умум якуним ҳазор сарбозу афсарони узбеку рус ва 300 техникаи низомӣ ҷалб шудааст.

Аз 5 то 10- уми август дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикистон низ машкҳои якҷояи нерӯҳои Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад.

Дар он шеваи нобуд сохтани як гуруҳи шартии мусаллаҳро тамрин мекунанд, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Афғонистонро гузаштааст.

Дар бештар аз ду моҳи охир ҷанг миёни Толибон ва нерӯҳои давлатӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар як моҳи охир беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, ба иттилои расмӣ, дубора ба Кобул фиристода шуданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд. Дар гузашта Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва созмонҳои байнулмилалӣ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз ёрии зиёд расондаанд ва низ гуфтаанд, ин кумакҳоро идома хоҳанд дод.

Додситонии Маскав хоҳони ҷазои сахттар ба муҳоҷирони маҳкумшудаи тоҷик аст

Тарзи боздошти муҳоҷирони тоҷик вокунишҳоро ба бор оварда буд

Додситонии шаҳри Маскав хостааст, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар марги варзишгари рус, Сергей Чуев, гунаҳкор шуданд, ҷазои сахттар бидиҳанд. Дар ин бора расонаҳои Русия гузориш доданд.

Додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар марги варзишгари рус аз чаҳор то ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Вале Додситонӣ ҳукмро сабук дониста, аз рӯйи он шикоят бурдааст.

Ҳамчунин тибқи даъвои додситонӣ, “зимни муҳокима талаботи қонунгузории ҷиноӣ ва мурофиавӣ вайрон шудааст” ва бинобар ин бояд ҳукм бекор гардида, ҷазои наву сахттар таъин гардад.

Пайвандони маҳкумшудаҳо аз оғоз мегуфтанд, ки фарзандони онҳо дар қатли варзишгар даст надоранд ва эҳтимол зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд.

Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли 2019, дар ҳудуди боғи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав ба ҳалокат расид.

Бедодгарии "Делта" дар Қазоқистон: дар як рӯз 124 кас ҷон бохт

Шаҳрвандони Қазоқистонро бо ваксинаи русии "Спутник V", ваксинаи дохилии "QazVac" ва "CoronaVac"-и чинӣ эм мекунанд

Дар давоми шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 7519 мавриди нави гирифторӣ ба коронавируси нав ё COVID-19 сабт шудааст.

Вазорати тандурустии ин кишвар аз гирифтории 471 каси дигар ба бемории "илтиҳоби шуши коронавирусӣ", ки омори он алоҳида нашр карда мешавад, хабар медиҳад.

Шумори мубталоёни нав дар Қазоқистон дар пасманзари паҳншавии намуди "Делта"-и коронавирус рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Бино ба иттилои расмӣ, аз оғози пандемия (моҳи марти соли 2020) то субҳи 4-уми август дар он кишвар 602 ҳазору 952 кас ба коронавирус мубтало шуда, то 2-уми августи имсол 6277 нафар аз вирус ҷон бохтаанд.

Танҳо дар рӯзи 2-юми август 124 ҳолати марг бар асари коронавирус сабт шудааст.

Шаҳрвандони Қазоқистон асосан бо ваксинаи русии "Спутник V", ки дар яке аз маҷмааҳои дорусозии ин кишвар сохта мешавад, зидди коронавирус эм мешаванд. Ҳамчунин ба истифодаи ваксинаи дохилии "QazVac" ва "CoronaVac"-и чинӣ иҷозат дода шудааст.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Туркманистон ҷамъ мешаванд

Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои 5 ва 6-уми август дар Туркманистон мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, дар вохӯрии раҳбарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақаӣ дар соҳаи иқтисод, савдо, энергетика, ҳамлу нақл ва чораҳои муштарак дар мубориза бо пандемияи коронавирус баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, қарор аст, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) дар доираи нишасти мазкур бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

Боздошти ду нафар бо гумони даст доштан дар қатли 4 узви як оила дар Ҷайҳун

Ноҳияи Ҷайҳун

Дар пайванд ба қатли чаҳор узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) 2 нафарро дастгир кардаанд. Вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 4-уми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “онҳо фақат гумонбаранд, тафтишот давом дорад.”

Изҳороти вазир дар ҳолест, ки мақомот то ин дам мегуфтанд, дар таҳқиқи ҳодиса дармондаанд.

Ҷасади Аҳлиддин Маҳмадов, сокини ноҳияи Ҷайҳунро бо се фарзандаш, бо нишонаҳои зоҳиран зарбаи корду дос, субҳи 12-уми июн дар манзили зисташ пайдо карданд. Ҳамсару як писараш дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ҳодиса дар деҳаи Тарғоқи ноҳияи Ҷайҳун рух дод ва ҳанӯз сабаби куштор маълум нест. Пайвандони кушташудаҳо мегӯянд, ба хотири халал нарасонидан ба тафтишот ба онҳо гуфтаанд, аз суҳбат бо матбуот худдорӣ варзанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳодисаҳое буданд, ки шахсони дар ҷиноят дастдоштаро баъд аз солҳо ё моҳҳо ёфтаанд. Соли 2016 мақомот хабар дода буданд, ки пас аз панҷ сол гиреҳи қатли як саррофро дар Суғд боз карданд. Онҳо Абдулло Эшонқуловро дар қатли Олимҷон Мирҳалимов, як сарроф дар Суғд муттаҳам донистанд, ки соли 2011 кушта шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯ пас аз қатл ба Русия фирор карда буд ва пайдо карданаш мушкил шуд.

Мақомот қатли 5 узви як хонаводаи тиллофурӯш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар соли 2013 низ пас аз ду сол ошкор карданд.

Аммо мақомот мегӯянд, хонаводае, ки дар ноҳияи Ҷайҳун қатл шудаанд, чандон доро набуданд.

Ноҳияи Ҷайҳун дар 161-километрии ҷануби Душанбе ва наздик ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Аксар сокинонаш аз роҳи кишоварзӣ рӯзии худро таъмин мекунанд.

Баъди қарори президенти Узбекистон... се кас бар асари шиканҷа ҷон бохт

Акс аз навори вобаста ба шиканҷа

Ҷасади сокини ноҳияи Нишони Узбекистон Нурсоат Муҳаммадиевро, ки 25-уми июл ба шуъбаи пешгирӣ аз ҷинояткориҳои пулиси ноҳия бурда шуда буд, як рӯз баъд ба наздиконаш супориданд.

Дар Идораи пулиси ноҳия гуфтанд, Муҳаммадиев дар диспансери вилоятии наркологӣ ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, вай бар асари шиканҷа ҳалок шудааст.

Наздикони Муҳаммадиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар бадани ӯ осори шиканҷа мушоҳида мешуд ва он рӯз вайро кормандони пулисе боздошт карданд, ки дар ҳоли мастӣ қарор доштанд.

Додситонии маҳаллӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар робита ба марги Муҳаммадиев тафтишотро оғоз кардааст.

Додситонии кулли Узбекистон 29-уми июл хабар дода буд, ки дар ноҳияи Деҳнав се корманди пулис сокини маҳалллӣ Юнус Хушматовро дар маҳалли кори худ то дами марг задаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон низ 29-уми июл гуфтанд, сокини Қарақалпоқистон Бахтиёр Давлатмуродов аз захме ҷон бохт, ки бар асари шиканҷаи маъмурони пулис бардошта буд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 26-уми июни имсол дар Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа қарор дар бораи чораҳои иловагӣ барои такмили низоми ошкорсозии ҳолатҳои озору азияти гумонбаронро имзо карда буд.

"Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон депортатсия шуда буд"

Иззат Амон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия ба Душанбе ихроҷ ё депортатсия шудааст.

Иззат Амон моҳи марти имсол дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар Душанбе ӯро боздошт карданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, рӯзи 4-уми август дар ҳузури хабарнигорон гуфт, Иззат Амон “барои вайрон кардани қоидаҳои будубош депортатсия шудааст. Дар инҷо барои ҷиноятҳое, ки гуфтем дастгир шудааст, тафтишот идома дорад.”

Иззат Амон рӯзи 25-уми март аз Русия ихроҷ шуд ва як рӯз баъд мақомот аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд. Парвандаҳои боздошту истирдод ё рабуда шудани гунаҳкорон ба қаллобӣ дар даҳ соли охир тақрибан дида нашудааст ва ин ҳолат вижагии парвандаи Иззат Амонро ташкил медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ гуфт, нисбат ба Иззат Амон 15 нафар ба мақомот шикоят кардаанд. Пештар масъулини Додситонии куллии Тоҷикистон, “зарари расондашуда аз ҷониби Иззат Амонро 630 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор доллари амрикоӣ” гуфта буданд. Ҳарчанд наздикони Иззат Амон мегӯянд, ин даъвоҳо дуруст нест ва онҳо омодаанд, ҳар даъвои асоснокро ҷуброн кунанд.

Рамазон Раҳимзода хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи Иззат Амон рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷонибдоронаш қазияи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Иззат Амон дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳар чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи сиёсату иқтисод ва вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекард.

Аз "Салафия" то "Паймони миллӣ". Боздошти 143 кас бо гумони ифротгароӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Рамазон Раҳимзода

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, 23 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Навор аз нишасти матбуотӣ:

Раҳбарияти ин се созмон дар хориҷа дар гузашта гуфтаанд, шахсоне, ки бо ҷурми тарафдорӣ аз онҳо боздошту зиндонӣ мешаванд, аксаран ба онҳо иртибот надоранд. Мавқеи бештари боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони дифоашон дастрас нест. Маълум нест, то куҷо иттиҳомро пазируфтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ шумори боздоштшудаҳоро чунин баршумурд:

  • “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар
  • “Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар
  • “Салафия” – 45 нафар
  • “Гурӯҳи 24” – 13 нафар
  • ҲНИТ – 6 нафар
  • “Ансоруллоҳ” – 2 нафар
  • “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар
  • “Ал-Қоида” – 3 нафар
  • “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар
  • Ҳаракати исломии Узбекистон – 18 нафар
  • Паймони миллии Тоҷикистон – 14 нафар.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо изҳороти мақомоти тоҷикро дар бораи боздошти афроди муттаҳам ба терроризм зери шубҳа бурда, гуфтаанд, мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони худро таъқиб мекунанд. Мақомот рафтори худро ҳамеша дуруст шумурдаанд.

Илова ба ин, ба қавли вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳ аз “ду кӯшиши амали террористӣ пешгирӣ шуда, як амали террористӣ сабт шудааст”.

Раҳбарияти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорат шарҳ дод, ки “ду кӯшиши амали террористӣ дар Фархору Ваҳдат пешгирӣ шуд ва як амали террористӣ дар Исфара рух дод”. Тафсилоти бештар дастрас нест. Мақомот таъкид доранд, ки дар ин ҳодисаҳо аъзои ДОИШ ва Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доштанд.

То кунун ДОИШ ҳамла ба ҷаҳонгардон дар ноҳияи Данғара ва ошӯб дар зиндонҳоро ба уҳда гирифтааст. Вале раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа ҳамвора даст доштани аъзои собиқ ва ҷонибдоронашро дар чунин ҳодисаҳо рад кардааст.

Литва муҳоҷиронро дубора ба сарҳади Беларус бармегардонад

Муҳоҷироне, ки дар марзи Литва нигаҳдорӣ мешаванд, аксаран шаҳрвандони Ироқ мебошанд

Марзбонони Литва - як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки ҳафтаҳои ахир аз Беларус ба хоки ин кишвар ворид шудаанд, дубора ба марзи Беларус бармегардонанд. Мақомот дар Брюссел аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Минск муҳоҷиронро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мекунад. Бо амри вазорати умури дохилии Литва, ки нирӯҳои марзбонӣ тобеи он аст, рӯзи 3-ми август ҳудудан 180 муҳоҷир, аксар шаҳрвандони Ироқ то ба сарҳади Беларус интиқол дода шуданд. Рустамас Лиюбаевас, раиси Хадамоти марзбонии Литва гуфт, муҳоҷирон метавонанд дар гузаргоҳҳои марзӣ ваё идораҳои дипломатӣ аризаи расмии паноҳандагӣ бидиҳанд ва ба ҳангоми интиқоли муҳоҷирон аз нирӯ истифода нашудааст.

Мақомоти Брюссел гуфтанд, ки Александр Лукашенко дар посух ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо барои саркӯби эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангезаш муҳоҷирони ғайриқонуниро ба хоки Аврупо роҳ медиҳад. Адалберт Йаҳнс, сухангӯи бахши муҳоҷират ва умури дохилии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 3 август гуфт, ки “тамоми таҳаввулоти марзи Беларус ва Литва мавриди нигаронии Иттиҳоди Аврупо аст”.

Байден: Бо собит шудани далелҳои озори ҷинсӣ волии Ню-Йорк бояд аз кор равад

Эндрю Куомо, волии Ню-Йорк дар як нишасти матбуотие, ки бӯҳрони COVID-19-ро ба баррасӣ гирифтааст

Президенти ИМА Ҷо Байден аз волии Ню-Йорк Эндрю Куомо хост, ки бар асоси таҳқиқи бетарафонаи делалеҳои озори ҷинсии занон бояд аз мақомаш истеъфо диҳад. Байден бо ишора ба ҳамҳизбаш ва волии собиқадор гуфт: “Назари ман ин аст, ки ӯ бояд истеъфо диҳад”. Аксари иттиҳомоти зидди волии Ню-Йорк зимистони соли гузашта аз забони чандин зан садо дода буд. Он замон Байден гуфт, ки агар таҳқиқи бетарафона гунаҳгор будани Куоморо собит кунад, ӯ бояд аз мақомаш истеъфо диҳад. Рӯзи 3-юми август Байден дар Кохи Сафед гуфт: "Фикрам дигар нашудааст”. Таҳқиқи панҷмоҳа ба чунин натиҷа омад, ки ҳамаи иддаоҳои 11 зан дар бораи озори ҷинсӣ дуруст будааст. Таҳқиқ собит кардааст, ки Куомо ба ин занҳо даст расонида бӯсидааст ва дар бораи намуди зоҳириву ҳаёти маҳрамонаи онҳо шарҳҳои шаҳвониро ба забон овардааст. Ин амали ӯ, ба қавли муфаттишон, бар хилофи қонун буда, “дар маҳалли кор як фазои душманонаву заҳролуде” эҷод кардааст.

Куомо 63 сол дорад ва ӯ то ҳол иттиҳомоти рафтори ношоистаро рад карда гуфтааст, ки аз мақомаш канор рафтанӣ нест. Ӯ гуфт, занҳое, ки аз болояш шикоят кардаанд, ҳарфҳои ӯро нодуруст фаҳмидаанд, дар ҳоле, ки рафторҳои ӯ баръакс, барои эҷоди равобити гарм равона шудаанд.

Ваъдаи ИМА барои тақдими миллионҳо воксина ба кишварҳои ниёзманд

26-уми июл 1,5 миллион воя воксинаи "Модерна" аз ИМА ба Тоҷикистон ворид шуд

Президент Ҷо Байден рӯзи 3-уми август эълон кард, ки поёни моҳи август ИМА 500 миллион дона воксинаи сохтаи ширкатҳои Pfizer/BioNTech-ро ба 100 кишвари даромадаш кам тақдим хоҳад кард. Ба гуфтаи президенти ИМА, ин кишвар аллакай беш аз 110 миллион дона воксинаро ба 65 давлат хайр кардааст ва, ба иттилои СММ, “ин беш аз саҳми ҳамаи 24 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва Чин аст, ки то ҳол ба дигар кишварҳо воксина хайр кардаанд”.

Байден гуфт, дар ҳафтаҳои боқимонаи тобистон ИМА даҳҳо миллион дона воксина, аз ҷумла 500 миллион воксинаи нақшавиро хайр мекунад ва бар иваз чизе талаб нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ки воксинаҳо ройгон ҳастанд. Ба гуфтааш, “Ба касе бартарият дода намешавад. Мо ин корро барои наҷоти ҷони инсонҳо мекунем. Ҳамин”. Дар миёни кишварҳое, ки то ҳол воксинаҳои амрикоиро дарёфт кардаанд, Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва Украина номбар мешаванд. ИМА воксинаҳои хайрияашро асосан тавассути барномаи COVAX-и СММ тақсим мекунад, чун бахши Созмони ҷаҳонии тандурустии он масъулити назорати тақсими баробари воксинаҳо дар кишварҳои нодорро ба мӯҳда дорад.

Вазири тандурустӣ баъд аз ду ҳафтаи латукӯб ба кор баргаштааст

Акс аз саҳифаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар Фейсбук

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, пас ду ҳафтаи латукӯб шудан аз сӯйи хоҳарзодаҳои раиси ҷумҳурӣ, дар аксҳое намудор шуд.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ рӯзи 3-юми август бо нашри чанд акс хабар дод, ки Ҷамолиддин Абдуллозода бо шаҳрвандон ҳамсуҳбат шуда, арзи онҳоро шунидааст.

Радиои Озодӣ мустақилона тасдиқ карда наметавонад, ки аксҳои нашркардаи Вазорати тандурустӣ рӯзи гузашта гирифта шудаанд ё аксҳои пештараанд. Дар аксҳо низ далеле дида намешавад, ки онҳо рӯзи 3-юми август гирифта шудаанд.

Вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯйи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуда буд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъд аз фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд.

Норозигии онҳо гуё замоне сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.

Аммо яке аз шоҳидони ҳодиса, ки пойфишорӣ дошт, пизишкон хоҳари президентро ташхиси нодуруст нагузоштаанд, ин занозаниро "беодобии хешони бемор" номид. Вай, инчунин, афзуд, дар табобати бемор на танҳо пизишкон аз Русия, Узбекистон ва Олмон, балки аз Чин низ саҳм доштанд ва онҳо шеваи табобатро нодуруст нашумурдаанд.

Дар он муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.

Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда, гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст. Аммо нашр накардани ягон акси вазир аз ҷараёни сафараш ба Русия ва ҳамчунин дар нишасти хабарӣ ширкат надоштани вазир, гуфтаҳои дафтари матбуоти Вазорати тандурустиро зери шубҳа бурда буд.

Даҳҳо корбари "Фейсбук" мепурсиданд, агар хабари зада шудани вазир нодуруст аст, пас, худи Ҷамолиддин Абдуллозода дар куҷост ва чаро дар наворе худро нишон намедиҳад.

Ҳарчанд сухангӯи вазорат гуфт, ӯ 21-уми июл ба Маскав сафар кардааст, як корманди масъули Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, вазир пас аз сафари Туркия дар моҳи май ба ҷое нарафтааст ва ё ба камияш аз ин фурудгоҳ ба ҷое парвоз накардааст.

Ҳамчунин ду нафар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми июл аз вазир дар хонаи ӯ аёдат кардаанд. Ба гуфтаи яке аз онҳо, вазир дар хонааш табобат мегирифт ва нав гипсро аз манаҳаш гирифта буданд.

Бар хилофи хабари аввал, ки барои тафтиши ҳодиса парванда боз шудааст, дертар маълум шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун ба таҳқиқи ин қазия машғул нестанд.

Ҷамолиддин Абдуллозодаи 54-сола дар авҷи пандемияи коронавирус дар моҳи майи соли гузашта вазири тандурустӣ таъйин шуд. Мунтақидонаш ӯро ба пинҳонкорӣ дар бораи теъдоди беморон ва қурбониёни коронавирус муттаҳам мекунанд. Вале худи ӯ ин ҳамаро борҳо рад карда, гуфтааст, роҳашон дар мубориза бо COVID-19 дуруст буд.

Тимановская ба самти Вена парвоз кард

Кристина Тимановская 4-уми август дар фурудгоҳи Токио бо ҳадафи парвоз ба Вена қарор дошт

Варзишгари беларусӣ Кристина Тимановская, ки нахост ба талаби мақомоти варзишии кишвараш итоат карда ба Минск баргардад, субҳи 4-уми август бо ҳавопаймои хатсайри Токио-Вена ба Аврупо парвоз кард. Интизор меравад, ки аз он ҷо ин варзишгар, ки аз режими саркӯбгаронаи Александр Лукашенко фирор кардааст, ба шаҳри Варшаваи Полша сафар мекунад. Мақомоти Полша дар Ҷопон ба ӯ визаи гуманитарӣ тақдим карданд. Ҳавопаймо қарор аст баъди соати 16 дар Вена фуруд ояд ва феълан маълум нест, ки оё ӯ аз он ҷо ба Полша парвоз хоҳад кард ё на.

Тимановская аз ин пеш ба хабаргузории АР гуфт, ки раҳбарони тими варзишии онҳо барояш хеле кушоду рӯшан гуфтанд, ки баробари расидан ба ватан ӯро барои интиқоди ошкорои раҳбарияти варзишӣ муҷозот интизор аст. Дмитрийм Довгалёнок, ки раҳбари ҳайати олимпии Беларус мебошад, муроҷиати АР барои шарҳи ҳолати атрофи Тимановскаяро рад кард. Аз ин пеш Кумитаи миллии олимпии Беларус ба матбуоти давлатии Беларус гуфт, ки вазъро назорат ва бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки ба таҳқиқи қазияи Тимановская пардохтааст, ҳамкорӣ мекунад.

Боздошти варзишкори маъруфи узбек ҳангоми фурӯхтани тифли чоррӯзааш

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Самарқанд варзишкори 25-соларо, ки мехост тифли чаҳоррӯзаи худро ба 2,5 ҳазор доллар фурӯшад, 4,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд, модари кудак варзишкори маъруф ва қаҳрамони шашкаратаи Узбекистон аст. Вале гуфта нашудааст, ки ӯ дар кадом навъи варзиш қаҳрамон мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ, падари кудак ҷавоне аст, ки ҳамроҳи духтар тамрин мекард. Варзишкорро ҳангоми фурӯхтани кудак дастгир кардаанд.

Рӯзноманигори белорусӣ барои "таҳқир"-и Лукашенко 18 моҳ зиндонӣ шуд

Рӯзноманигори белорусӣ Сергей Гордиевич бо ҷурми таҳқири президенти он кишвар Александр Лукашенко ва "туҳмат"-и ду корманди пулис 18 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд.

Нозирони умур ҳукми рӯзноманигори 50-соларо яке аз нишонаҳои таъқиби дастаҷамъонаи ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолон ва расонаҳои мустақил дар Белорус меноманд.

Иттиҳоди рӯзноманигорони Белорус гуфт, додгоҳ ҳамчунин Сергей Гордиевичро вазифадор кардааст, ки дар ҳаҷми наздики 1600 доллари амрикоӣ ҷарима пардозад.

Зидди рӯзноманигор баъди як навиштааш дар паёмакрасони Телеграм, ки соли гузашта пок карда шуд, айб эълом карданд. Худи Гордиевич айби эъломшударо рад мекунад.

Дар Маркази ҳомии ҳуқуқи "Весна" гуфтанд, пулиси Белорус танҳо дар моҳи июли соли равон беш аз 200 коргоҳи расонаву хонаи рӯзноманигорро бозҷӯӣ ва 32 хабарнигорро ҳабс кардааст.

Манбаъ: "Роҳи Туркманистон барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон боз мешавад"

Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов (чап)

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми 3-юми август ба Туркманистон рафт. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи президент, ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари раиси ҷумҳур то 6-уми август давом мекунад.

Дар назар аст, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот кунад. Ҷузъиёти созишномаҳое, ки қарор аст миёни Тоҷикистону Туркманистон имзо шаванд, пурра рӯшан нест.

Вале як манбаи боварбахш дар ҳукумати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи кушодани роҳи Туркманистон барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон миёни роҳбарони ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Мақомоти туркман соли 2019 ҳаракати мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз ҳудуди ин кишвар манъ кардаанд. Талошҳои Тоҷикистон барои ҳалли мушкил то ин дам бенатиҷа буд.

Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумат гуфт, дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон масъалаи гузаштани мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳал ва дар ин бора миёни ду кишвар созишнома имзо мешавад.

Туркманистон яке аз роҳҳои асосӣ барои овардани мол аз Эрону Туркия ба Тоҷикистон мебошад. Мақомоти Тоҷикистон баъди баста шудани роҳи Туркманистон аз ронандагон хостанд, тавассути Озарбойҷон ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Вале ронандаҳо мегӯянд, ҳангоми убур аз Озарбойҷон роҳи онҳо дароз ва харҷашон бештар мешавад.

Қазоқистон ҳатмӣ будани либоси мактабиро бекор кард

Вазири маориф ва илми Қазоқистон Асхат Аймагамбетов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ имсол дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ ҳатмӣ нахоҳад буд.

Дар Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфтанд, ин тасмим ба хотири маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, пешгирӣ аз навбатпоиҳои тулонӣ барои хариди либоси ягона дар фурӯшгоҳҳои он кишвар дар давраи пандемия гирифта шудааст.

"Кудакон дар давоми соли хониши оянда метавонанд бидуни либоси ягонаи мактабӣ ба дарс раванд",-навиштааст вазири қазоқ.

Ин дар ҳолест, ки хонандагони аксари мактабҳои миёнаи Қазоқистон соли хониши гузаштаро фосилавӣ ба поён расонида буданд.

Шумори мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон аз охири моҳи июни соли равон то рафт афзоиш ёфта, рӯзона дар он кишвар беш аз 7 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вирус ошкор мешавад.

Сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариев ҳам боздошт шуд

Темир Сариев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки сарвазири пешини ин кишвар Темир Сариев ҳам боздошт шудааст.

Ба иттилои кумита, Сариев дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар иҷрои тарҳи коркарди кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон дастгир гаштааст.

"Сариев ҳангоми вазири иқтисод ва ҳамзамон раиси комиссияи дахлдор буданаш ҳаҷми хисороти зистмуҳитиро дар пайи коркарди кони "Қумтор" чандин миллиард сом кам нишон додааст",-афзудааст кумита.

Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон вакилони кунунии порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ахиран президенти нахустин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоев низ дар доираи ин парванда ба ватан оварда шуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

"Қумтор" калонтарин кони тиллои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Онро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард.

Тасҳеҳ. На кормандони БМТ, балки бонку созмонҳои қарздиҳии Суғд "хонакор" шуданд

Зебо Сираева

Намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба хабари Радиои Озодӣ дар мавриди ба кори фосилавӣ гузаштани даҳҳо кормандаш вокуниш кард.

Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми август навишт, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус даҳҳо корманди дафтари Бонки Миллӣ дар маркази Суғд аз хона кор мекунанд. Аммо масъулони намояндагӣ рӯзи 3-юми август гуфтанд, ягон корманди онҳо ба кори фосилавӣ нагузаштааст.

Хабари аввал дар инҷост:

Кормандони Бонки Миллӣ дар Хуҷанд ба кори фосилавӣ гузаштанд

Хабари тасҳеҳшуда ин аст:

Ба қавли Зебо Сираева, муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, "дар маҷмуъ, 87 корманди ташкилоти қарзӣ фосилавӣ кор мекунанд. 325 корманди ташкилоти қарзӣ ба рухсатии меҳнатии бемузд фиристода шуданд."

Манзур аз ташкилоти қарзӣ бонку созмонҳои қарздиҳӣ аст, ки шомили Бонки Миллӣ намешавад.

Сираева афзуд, "имсол, бинобар паҳн гардидани мавҷи навбатии пандемияи коронавирус, аз таъсири он низоми бонкии кишвар низ дар канор набуд.”

Ба иттилои муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, дар шаш моҳи аввали имсол 40 корманди бонкҳои вилоят ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, яке аз онҳо аз ин беморӣ фавтидааст, вале аз корманди фавтидаи бонк ном набурд.

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми август ба 15 ҳазору 219 кас расид. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то кунун беш аз 96 дарсади беморон шифо ёфта, 121 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Полиси Украина марги фаъоли беларусӣ Витал Шишовро таҳқиқ мекунад

Витал Шишов ба берарусҳое, ки дар саркӯбҳои як соли охир азият шудаанд, кӯмак мекард

Полиси Украина баъди ошкор шудани ҷасади як фаъоли сиёсии беларусӣ Витал Шишов дар як боғи шаҳри Киев рӯзи 3-юми август гуфт, аз рӯи қазияи куштори эҳтимолӣ парванда боз кардааст. Полис гуфт, ки дар доираи тафтишот тамоми фарзияҳо, аз ҷумла эҳтимоли куштор ва ҳам худкуширо таҳқиқ хоҳанд кард. Шишов раҳбарии созмони маданиро бо номи “Хонаи беларусӣ дар Украина” ба ӯҳда дошт ва ба шаҳрвандони Беларусе, ки аз таъқиби режими Александр Лукашенка баъди саркӯбҳои эътирозгарони интихоботи соли гузашта фирор кардаанд, ёрӣ мекард. Дар изҳороти полис гуфта шудааст, ки “шаҳрванди Беларус Витал Шишов, ки дирӯз дар шаҳри Киев нопадид шуд, дар як боғи Киев, дар наздикиҳои макони кораш овехта пайдо шуд”.

Шишов аз минтақаи ҷанубушарқии Беларус буда, баъди интихоботи Беларус, ки дар он Александр Лукашенка баранда эълон шуду онро мухолифон ноодилона ва тақаллубшуда номиданд, ба Киев фирор кард.

Боздошти як корманди "қалбакӣ"-и Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон

Шараф Аваззода

Як сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қаллобӣ дастгир ва парвандаашро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Мақомот мегӯянд, Хусрав Бобозодаи 34-сола худро маъмури Оҷонси зидидфасод муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкили сокинон аз онҳо "тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Шараф Аваззода, сардори намояндагии Оҷонсӣ дар Суғд, рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфт, "дар асл ин хел корманд надорем. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем."

Ба ин тартиб, ба иттилои Оҷонсӣ, ин сокини Истаравшан дар давоми тақрибан як сол дар панҷ маврид 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале шарҳ надоданд, ки оё шаҳодатномаи ӯ сохта буд ё на.

Бори аввал нест, ки дар Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон баъзе аз сокинон аз номи кормандони идораҳои муҳим ва раиси ҷумҳуру наздиконаш суистифода менамоянд. Корафтодагон низ барои ҳалли ҳарчи зудтари мушкилашон ба ин гуна афрод бовар мекунанд.

Аз ҷумла, Додгоҳи Хуҷанд соли 2018 Дилшод Тошмуҳаммадови 32-соларо, ки худро маъмури милиса муаррифӣ карда, аз наздикони чаҳор маҳбус бо ваъдаи раҳоии онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, 9 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳ ӯро, ки мактаби миёнаро хатм карда, аммо дар ҷое кор намекард, бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" гунаҳкор донист.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 340 ҷинояти марбут ба фасоди молиро ошкор ва аз 10.5 миллион сомонӣ зарар то кунун 6 миллиону 800 ҳазорашро рӯёндааст.

 Вашингтон гуфт, ки дипломати рус ба саҳв роҳ дод

Сафорати Русия дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ

Департаменти давлатии ИМА иддаои сафири Русия дар ИМА-ро рад кард, ки гӯё Вашингтон аз 24 дипломати рус тақозо кардааст, ки то 3-юми сентябр бо тамом шудани мӯҳлати визаи онҳо кишварро тарк кунанд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 2-юми август гуфт, ки дипломатҳои рус “метавонанд барои тамдиди виза муроҷиат кунанд”. Ӯ гуфт, ки чунин аризаҳо дона-дона баррасӣ мешавад.

Дар як мусоҳибааш бо маҷаллаи National Interest фиристодаи Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, сафорат феҳристи 24 дипломати русро дарёфт кард, ки бояд то 3-юми сентябр хоки ИМА-ро тарк кунанд. Антонов дар мусоҳибаи рӯзи 1-уми августаш гуфт, ки “тахминан ҳамаи онҳо бе он ки ба ҷояшон нафарони дигар биёянд, Вашингтонро тарк хоҳанд кард, чунки Вашингтон муқаррароти додани визаро сахттар кардааст”.

Ҳафтаи гузашта Департаменти давлатӣ гуфт, дар пешорӯи 1-уми август, ки бо талаби Кремлин мӯҳлати кори 182 кормандаш дар ҳайатҳои дипломатии Русия ба анҷом мерасад, ҳамин миқдор кормандонро ҷавоб додааст. Русия баъди он чунин қарорро қабул кард, ки президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел ихроҷи 10 дипломати рус ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русияву ширкатҳоро тақозо намуд.

Қатар ҳам ҳамла ба киштиро маҳкум кард

Киштии Mercer Street. Акс аз соли 2015

Қатар ҳодисаи ҳамла ба як нафткашро дар обҳои Уммон маҳкум кард. Қаблан масъулияти ин онро Ғарб ба дӯши Эрон вогузор кард. Вазорати хориҷаи Қатар ба зарурати барқарор кардани қонунҳои байналмилалӣ ва роҳ надодан ба такроршавии чунин ҳодисаҳо даъват кард. Қатар “амалҳоеро, ки амният ва бехатарии ҳаракати нақлиёт дар обҳои байналмилалиро ба ҳам мезанад” ва ҳам рафтуомади киштиву нафткашҳоро бо мушкил рӯбарӯ мекунад, маҳкум кардааст.

ИМА, Исроил ва Бритониё дар ҳамла ба киштии нафткаш рӯзи 29-уми июл дар соҳилҳои Уммон, ки аз ҷониби Исроил идора мешуд, Эронро гунаҳгор карданд. Теҳрон даст доштанаш дар ин ҳамларо рад кардааст. Дар ин ҳамла, ки эҳтимолан бо дрон сурат гирифтааст, ду узви тими ин киштӣ – як шаҳрванди Бритониё ва як табааи Руминия кушта шуданд. Теҳрон таҳдид кард, ки ба ҳама гуна таҳдид ба амнияташ посух хоҳад дод. Рӯзи 2 август Бритониё дар робита бо ҳамла ба киштии нафткаши Mercer Street, ки ба Ҷопон марбут буда, таҳти парчами Либерия ва мудирияти ширкати исроилии Zodiac Maritime ҳаракат мекард, сафири Эронро фаро хонд. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки Эрон “барои амалҳои кардааш бояд посух диҳад” ва ҳамлаи “ғайри қобили қабул ва ваҳшиёна” ба киштиро маҳкум кард. Эрон таҳдид кард, ки барои ҳимоят аз амният ва манфиатҳои миллиаш омода аст.

Маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон барпо мешавад

Президенти мунтахаб Иброҳим Раисӣ дар мақбараи Имом Ризо дар шаҳри Машҳад суханронӣ мекунад. 22 июни соли 2021

Рӯзи 3 август дар Теҳрон маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон – Иброҳим Раисии муҳофизакор баргузор мешавад, ки дар ин мақом Ҳасани Рӯҳониро иваз мекунад. Баландтарин дастоварди Рӯҳонӣ имзои созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маросими савгандёдкунӣ соати 10:30 ба вақти Теҳрон дар қароргоҳи марказии Оятулло Алии Хоманеӣ баргузор хоҳад шуд. Раисии 60-сола, баъди таъйиди интихоботаш аз ҷониби раҳбари олии Эрон, ба иҷрои мӯҳлати чорсолаи раёсатҷумҳуриаш шурӯъ хоҳад кард. Рӯзи 4 август ӯ дар назди парлумони кишвар савганд ёд карда феҳристи аъзои нави ҳукуматро пешниҳод мекунад.

Яке аз масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи президенти нави Эрон мешавад, гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо қудратҳо хоҳад буд. ИМА соли 2018 ба таври якҷониба ин санадро тарк кард. Раисӣ баъди пирӯзии интихоботиаш гуфт, ки ҷонибдори азсаргирии музокираҳо барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ мебошад. Шарти муҳими ин созиш бекор шудани таҳримҳои Эрон бар ивази маҳдуд ва таҳти назорат дароварда шудани фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар мебошад. Аксари ин таҳримҳо баъди аз созиш хориҷ шудани ИМА дубора барқарор шуданд ва ояндаи иқтисоди Эронро таҳти хатар гузоштанд. Ҳалли масоили иқтисодии кишвар яке аз чолишҳои калидии президенти нав мебошад.

Яке аз бӯҳронҳое, ки ҳамин ҳоло рӯбарӯи Эрон ва Раисӣ қарор дорад, марбут ба ҳамла ба як киштии нафткаше аст, ки аз ҷониби Исроил идора мешуд. Ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар соҳилҳои Уммон мавриди маҳкумияти ИМА, Исроил ва Бритониё шуд. Ин кишварҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Теҳрон баланд карданд, ки дар навбати худ ин иттиҳомро беасос хондааст.

Иброҳим Раисӣ дар фаъолияти гузаштааш ба ҳайси додрас барои нақзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқоди Ғарб қарор гирифта, дар феҳристи афроди таҳримшуда ворид гардид. Раисӣ амри ҳукми қатли ҳазорҳо зиндонии сиёсиро дар давраи кораш дар низоми адлияи кишвар содир кардааст. Мавқеи Раисӣ ҳамакнун бо кӯмаки маҷлиси Эрон, ки дар интихоботи соли 2020 аксар аъзояш намояндагони муҳофизакорон шудаанд, мустаҳкамтар мешавад. Дар интихоботи соли гузашта ҳазорҳо ислоҳталабон ва номзадҳои мӯътадил аз ҳақи ширкат маҳрум шуданд. Худи раисӣ рӯзи 27-уми июл ба хотири умед ба ояндаи Эрон маҷлисро ба “ҳамкорӣ” даъват кард. Ӯ гуфт, “ман ба ояндаи кишвар боумед менигарам ва бовар дорам, ки ҳалли мушкилот ва маҳдудиятҳо имконпазир аст”.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG