Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои Афғонистон дархости кӯмак кард


Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

СММ барои ёрии башардӯстона ба миллионҳо нафар мардуми Афғонистон дар соли ҷорӣ 393 миллион доллар дархости кӯмак кардааст.

Марк Бовден-ҳамоҳангсози ёриҳои башарии СММ дар Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии Афғонистон дар ин бора 27 январ дар барномаи телевизионӣ ин дархостро ба миён ниҳоданд.

Бино ба гуфтаҳои Абдуллоҳ, дар соли 2016 барномаҳои кӯмак барои Афғонистон миллионҳо нафарро фаро мегирад. Онҳо ба маводи ғизоӣ, сарпаноҳ, ёрии тиббӣ, оби солими ошомиданӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ эҳтиёҷ доранд.

Абдуллоҳ изҳори умед кард, ки кишварҳои кӯмаккунанда ваъдаҳои солҳои пешини худро иҷро ва ба мардуми осебпазири Афғонистон кӯмак мекунанд.

Афғонистон фақиртарин кишвари ҷаҳон аст ва ҳамвора аз офатҳои табиӣ мисли зилзила, тӯфонҳо ва беҷойшавии сокинон аз хонаҳояшон ва аз гуруснагӣ азият мекашад.

Дар ин кишвар ҳамчунин зуд-зуд ҳамлаҳои Толибон мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG