Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Наим Ҳакимов баъди 6 рӯзи садама


Наим Ҳакимов

Наим Ҳакимов, муҳаққиқи таърихи “Шашмақом” ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб сахт захмӣ шуда, шаби 28 декабар ҷон додааст. Ӯ 61 сол дошт ва ба қавли наздиконаш рӯзи 22 декабар ба садама дучор гардида, тӯли шаш рӯ дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд.

Профессор Ҳакимов солҳои охир дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси мудири кафедра кор мекард ва ҳамзамон раҳбарии “Маркази фарҳангиву маърифатии Суғд”-ро бар ӯҳда дошт. Ин марказ барои эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, баргузории маҳфилу чорбиниҳо, нашри китобҳо дар бораи мусиқиву ҳунарҳои мардумӣ хидмат мекард. Китобҳо дар бораи таърихи мусиқи миллии тоҷикии “Шашмақом”ва сурудҳои халқӣ дар чандин муҷаллад аз осори мондагори Наим Ҳакимов гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG