Раиси ҳукумати Туркия Аҳмад Довудоғлу гуфт, Анкара изҳороти шадидулаҳни президенти Русия Владимир Путинро дар нисбати Туркия ҷиддӣ намегирад.
Довудоғлу мегӯяд, ният надорад ба суханони «ғайридипломатӣ ва таҳқиромези» роҳбари Русия посух гӯяд ва то ба сатҳи вай баробар шавад.
«Эҳтимол, вай фаъолияти гузаштаи худ дар КГБ-ро ба хотир меорад. Аммо КГБ хеле вақт шуд, ки вуҷуд надорад ва таблиғоти шӯравӣ ҷузъи таърих шудааст. Ба ҳар кадом ҳарфи вай дар саросари ҷаҳон бо писханди истеҳзоомез гӯш меандозанд», - гуфт Довудоғлу ба рӯзноманигорон баъди бозгашт аз гуфтушунид бо сарони 8 кишвари Иттиҳоди Аврупо.
Дар нишасти хабарии солонаи худ 17 декабр Владимир Путин зимни посух гуфтан ба суоли равобит бо Анкара, афзуд, бо раҳбарони феълии Туркия созиш кардан тақрибан имкон надорад. Ба гуфтаи президенти Русия, ҳодисаи сарнагун кардани ҳавопаймои русӣ дар сарҳади Туркияву Сурия метавонад натиҷаи он бошад, ки кадоме аз раҳбарони туркӣ мехост «як ҷои амрикоиҳоро билесад».
Туркия мегӯяд, ҳавопаймои сарнагуншудаи русии Су-24 ҳарими ҳавоияшро рахна карда буд. Москва ин даъворо комилан рад мекунад ва алайҳи Анкара таҳримоти иқтисодӣ ҷорӣ кардааст.