Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расулёр: Эҳтимоли суқути Ҳилманд бузург аст


Мақомоти Афғонистон аз эҳтимоли таҳти назорати толибон гузаштани вилояти Ҳилманд изҳори нигаронӣ мекунанд. Муовини волии Ҳилманд Муҳаммад Ҷон Расулёр дар як нома тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ҳушдор дод, ки чанд минтақаи ин вилоят метавонанд ба зудӣ дар ихтиёри мухолифини давлат қарор бигиранд. Ӯ аз сарвари давлат илтиҷо кардаст, ки ҳарчӣ зудтар ба Ҳилманд нерӯи иловагӣ фиристад. Ба гуфтаи Расулёр, айни ҳол дар чанд минтақа, аз ҷумла, мавзеъи Сангин набардҳои шадид идома доранд ва эҳтимолан толибон ба зудӣ вориди ин мавзеъ мешаванд.

Абдуллоҳ Охунзода, вакили парлумон аз Ҳилманд ҳам гуфт, ки айни ҳол ҷангҳо дар панҷ минтақа идома доранд ва эҳтимоли суқути онҳо хело бузург аст.

Намояндаи вазорати дифои Афғонистон рӯзи 20 декабр задухурдҳо дар Ҳилмандро тасдиқ кард ва аммо гуфт, ки Толибон талафоти бузург додаанд. Ба гуфтаи Давлат Вазирӣ, тайи шабонарӯзи гузашта дар Ҳилманд беш аз 150 тан аз мусаллаҳони Толибон кушта шуданд. Дар набардҳо 11 сарбози ҳукуматӣ ҳам ҷон бохтаанд, иқрор намуд ӯ.

XS
SM
MD
LG