Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атамбоев соли оянда аз Гурҷистон боздид мекунад


Алмазбек Атамбоев
Алмазбек Атамбоев

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки соли ояндаи 2016 аз Гурҷистон боздиди расмӣ анҷом медиҳад.

Дар бораи боздиди вай аз Гурҷистон дар мулоқот бо Георгий Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон дар Ашқобод-пойтахти Туркманистон дар ҳошияи конфронси раҳбарони минтақа тавофуқ ба даст омадааст.

Атамбоев ва Маргвелашвилӣ дар мулоқоти худ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои худро баррасӣ карданд ва бар зарурати густариши ҳамкориҳо таъкид намуданд.

XS
SM
MD
LG