Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Тақво: Гӯсфандонамро баргардонед


Ҷангиёни Толибон гуфтаанд, ки дастикам 7 ҳазораро ба далели як моҷарои гӯсфанддуздӣ рабудаанд. Ҷангиён шаби 21 ноябр дар вилояти Зобули Афғонистон се автобусро манъ карда, ба гуфтаи як раҳбари маҳаллӣ бо номи Вазирмуҳаммад Ҷаводӣ, ибтидо 17 нафарро гаравгон гирифтанд, вале баъдан 9 тани онҳоро раҳо карданд. Раҳбари пулиси маҳаллӣ Мирвайс Нурзай гуфт, ин гаравгонгириро раҳбари маҳаллии Толибон Мулло Тақво амр додааст. Ӯ гуфтааст, ҳазораҳоро танҳо баъди баргардондани гӯсфандонаш раҳо хоҳад кард. Ҳазораҳо як ақалияти қавмиест, ки забонашон дарӣ, вале мазҳабашон шиъа мебошад. Ҳазораҳо дар Афғонистон дар тӯли солиён таҳти таъқиб қарор доранд. Дар авоили октябр ҷангиён 7 ҳазораро дар Зобул сар буриданд, ки боиси эътирози намояндагони ин қавм дар Кобул шуд.

XS
SM
MD
LG