Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ ҷузъиёти таркиш дар Airbus-ро ошкор кард


Мутахассисони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) ҷузъиёти таркиш дар ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа"-ро муқаррар намуданд.

Дар ин бора нашрияи «Коммерсант», чопи Маскав, рӯзи 18 ноябр хабар дод. Гуфта мешавад, ки бомб дар зери яке аз курсиҳои мусофирон дар охири салон гузошта шуда буд – мутахассисон як пораи ҳавопаймо бо сурохии бузургро ошкор карданд.

Навъи маводи тарканда ҳанӯз муқаррар нашудааст. Террористон дар ҳавопаймо «бомбӣ соатӣ» гузошта буданд, навиштааст нашрия бо такя ба гуфтаи мутахассисон.

Ҳадс зада мешавад, ки бомбро нафаре аз кормандони фурудгоҳи Шарм-ул-Шайх насб кардааст. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки таркиш дар бағоҷи ҳавопаймо рӯй додааст.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карда буданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд.

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников рӯзи 17 ноябр дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин бо такя ба натиҷаҳои тафтишот изҳор намуд, ки дар Airbus маводи таркандаи баробар ба я кило тротил мунфаҷир шудааст. Дар пораҳои ҳавопаймо нишонаҳое аз маводи таркандаи хориҷӣ ошкор гардид, афзуд Александр Бортников.

Владимир Путин ваъда дод, ки Маскав афроди дар ин ҳодиса дастдоштаро пайдо ва муҷозот мекунад.

Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар ӯҳда гирифт ва эълом дошт, ки ин ҳамла интиқом барои амалиёти низомии Русия дар Сурия аст.

XS
SM
MD
LG