Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба як мактаби Айнӣ номи майор Алиевро гузоштанд


Дар ноҳияи Айнӣ як мактаб ба номи майори милитсия Алибой Идиев, ки дар амалиёти моҳи сентябри соли ҷорӣ алайҳи афроди гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ба ҳалокат расид, гузошта шуд. Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мактаби таҳсилоти умумии шумораи 57-и ноҳия ҳамакнун ба номи ин корманди пешини дастаи таъйинони махсуси ВКД гузошта шудааст.

Дар маросими номгузории ин муассисаи таълимӣ, масъулони вазорати умури дохилӣ ва раҳбарони ноҳияи Айнӣ, ҳамчунин пайвандони Алибой Идиев ширкат доштаанд.

Дар пайи ҳамла ба биноҳои пулис дар Душанбе ва Ваҳдат, ки мақомот муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзодаро ба даст доштан дар он муттаҳам карданд, чандин нафар аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ кушта шуданд.

Амалиёт алайҳи Назарзода ва афродаш рӯзи 16-уми сенябр дар дараи Ромит ба поён расид.

XS
SM
MD
LG