Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон иттиҳомоти қочоқи аслиҳаро ба Афғонистон рад кард


Мақомоти Тоҷикистон иттиҳомоти қочоқи аслиҳа ба Афғонистонро тавассути чархболҳо "тӯҳмат" ва беасос номиданд.

Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳор дошт, ки чархболҳои Тоҷикистон «танҳо барои назорати манотиқи марзӣ парвоз мекунанд ва мавриде нашудааст, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя фуруд омада бошанд».

Пештар Давлат Вазирӣ, сухангӯйи вазорати мудофиаи Афғонистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки гӯиё чархболҳои тоҷик аз марзи Афғонистон убур карда, бар ивази тилло ба толибон аслиҳа мерасонанд. Раёсати марзбонии Тоҷикистон аз мақомоти Афғонистон шарҳи ин изҳоротро талаб кард.

Сухангӯйи вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев изҳороти ҳамтои афғони худро «бӯҳтони беҳамтое» унвон кард, ки ҳеҷ воқеияте надорад. Моҳе қабл расонаҳои Афғонистон навишта буданд, ки шаҳри Кундуз бо истифода аз аслиҳае ба дасти толибон гузашт, ки Тоҷикистон дар ивази 4 марзбони рабудашудаи додааст.

Ба гуфтаи коршиноси афғон Нуралӣ Саидӣ кӯмак ба ҷангиён имкон дорад на аз Тоҷикистон, балки аз Русия сурат гирифта бошад, ки дар ҳоли тақвият додани ҳузури низомии худ дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи вай, чанд моҳ пеш намояндагони ҳукумати Афғонистон аз Русия дархости кӯмаки низомӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG