Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҷоизаи Сахаров ба блогнависи саудӣ дода шуд

Роиф Бадавӣ
Роиф Бадавӣ

Парлумони Аврупо рӯзи 29 октябр ҷоизаи солонаи озодии баён ба номи Андрей Сахаровро ба блогнависи саудӣ Роиф Бадавӣ дод. Бадавии 31-сола дар соли 2012 барои танқиди сиёсати мазҳабии Арабистони Саудӣ боздошт ва бо ҷурми тавҳин ба Ислом дар Интернет ба 10 соли зиндон ва 1000 зарбаи шаллоқ маҳкум шуда буд. 50 зарбаи аввали шаллоқ ба Бадавӣ дар моҳи январ зада шуд, вале задани шаллоқҳои баъдӣ беш аз 10 маротиба ба таъхир андохта шуд. Сабаби расмии ин таъхир далоили тандурустӣ гуфта мешуд, вале ин дар пайи мавҷи маҳкумияти байналмилалӣ сурат гирифт. Вакили парлумони Аврупо Тамас Мезерис, ки аз ҷумла гурӯҳи ӯ Роиф Бадавиро ба ҷоизаи Сахаров пешбарӣ кардааст, гуфт, Аврупо “дигар наметавонад дар баробари афроде, ки танҳо барои изҳори ақидаҳояшон дар Арабистони Саудӣ ба шиканҷа ва қатл рӯбарӯ мешаванд, хомӯш нишинад.” Ҷоизаи ба номи дигарандеши маъруфи Шӯравӣ Андрей Сахаров аз соли 1988 ба ҳомиёни ҳуқуқу озодиҳои инсон дода мешавад ва 50 000 евро арзиш дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

“Бердимуҳаммадов акнун андозаи шиками моро муқаррар мекунад”

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои Халқи ин кишвар ва падари президенти кунунии Туркманистон
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои Халқи ин кишвар ва падари президенти кунунии Туркманистон

Мақомот дар ғарби Туркманистон ба ҳунармандон дастур додаанд, ки агар майли ширкат дар чорабиниҳои Рӯзи истиқлол доранд, бояд вазн гум карда, намуди зоҳирии худро ба тартиб биоранд.

Дар ин бора баъзе аз ҳунармандони театр, овозхонҳо ва раққосон бо шарти ошкор нашудани номашон ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Ҷашни истиқлоли Туркманистон рӯзи 27-уми сентябр таҷлил мешавад.

Гуфта мешавад, фармонро Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои Халқи ин кишвар ва падари президенти кунунии Туркманистон, содир кардааст, ки тамоми шохаҳои ҳукумат ва сиёсатро муқаррар мекунад.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари ҳунармандони фарбеҳ шахсони беш аз ҳад нозуку ба истилоҳ "мурчамиён" ҳам дастур гирифтаанд, ки бояд каме вазн гиранд.

Ҳунармандони театри давлатии драмаи ба номи Сафармурод Туркманбошӣ дар шаҳри Балканобод мегӯянд, ки маоши ночизи онҳо барои харидани хӯроки муносиб, меваву сабзавот ва машқ дар толорҳои варзишӣ намерасад.

Онҳо ҳамчунон ёдовар шуданд, ки барои чорабиниҳои идона аз пули худашон либос мехаранд. Ба қавли ҳунармандон, маоши миёнаи ҳунарманд се ҳазор манат ё беш аз 800 доллар буда, як кило себ 50 манат (14 доллар), як кило афлесун 60 манат (17 доллар) ва ҳаққи узвият дар толори варзишӣ ба як ҳазор манат (284 доллар) баробар аст.

Масъалаи фарбеҳии кормандони давлатӣ дар ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ ҷой дорад. Дар Тоҷикистон дар як соли охир тақрибан 30 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо сабаби “гаронвазнӣ” аз кор ронда шуда, баъди кам кардани вазн фақат 13 нафари онҳо ба кор баргаштанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммов, падари президенти кунунии Туркманистон, ошиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим аст. Ҳар моҳи апрел дар Туркманистони худкома моҳи саломативу хушбахтӣ баргузор шуда, кормандони давлативу донишҷӯён маҷбуранд дар чорабиниҳои дастҷамъии варзишӣ ва раҳпаймоиҳо ширкат кунанд.

Дар ин кишвари саршор аз маводи сӯхт бисёриҳо аслан худро хушбахт намешуморанд ва ба сиёсатҳои шадиди давлат, ришваситонӣ ва камбағалӣ ишора мекунанд. Миллионҳо нафар барои таъмини рӯзгорашон ба муҳоҷирати корӣ маҷбур шудаанд. Як ҳунарманд ба истеҳзо гуфтааст, акнун Бердимуҳаммадов андозаи шиками моро муқаррар мекунад.

"Вазни худро кам кунед." Дастури нав дар Туркманистон
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 3:16 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

ВКД гуфт, ҷавони ҳамлавар ба полиси Русия аз Тоҷикистон нест

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як ҷавоне, ки рӯзи 27-уми август ба кормандони пулиси Русия бо корд дарафтод, шаҳрванди Тоҷикистон нест ва хабарҳо дар ин бора асос надоранд.

Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, “муайян карда шуд, ки Шерафган Кунҷумови 26-сола зодаи вилояти Саратов ва шаҳрванди Русия мебошад.”

Расонаҳои Русия дирӯз бо нашри видеои кашмакаши сахти ин ҷавон бо кормандони пулис ва калтак хӯрдани ӯ гуфтанд, ки Шерафган Кунҷумов зодаи Тоҷикистон аст. Ин ҷавон пеш аз кашмакаш аввал ба самти мошини афсарони пулис зарфи шишагии оташгиранда андохтааст.

Ҳангоми талоши дастгир кардан, ӯ ба кормандони милиса муқовимат нишон медиҳад, вале дар ниҳоят дастгир мешавад.

Ҳодиса рӯзи 27-уми август рух додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ба зидди ин ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ин ҷавон, ки ҳеч гоҳ шиносномаи миллӣ ё хориҷӣ надошт, соли 2017 бо иттиҳоми терроризм ба 7 сол зиндон маҳкум шуда буд ва моҳи майи имсол озод шуд.

Расонаҳои Русия, ки бо муҳоҷирситезӣ мехоҳанд, мухотаб пайдо кунанд, аксаран ҳангоми ҷинояти пурсарусадо саъй мекунанд, омилони онро шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

Ҳамлаи густардаи Русия бо садҳо мушаку дрон ба пойтахти Украина

Пайомади ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев
Пайомади ҳамлаи Русия ба шаҳри Киев

Бар асари ҳамлаи густардаи Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, дастикам 14 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 28-уми август ва замоне рух дод, ки мансабдорони баландпояи Украина барои дидору гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Ню-Йорк омода мешаванд. Иёлоти Муттаҳида хоҳони хатми комили ҷанги Русия дар Украина аст.

Мақомот дар Киев гуфтанд, Русия субҳи панҷшанбе бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гӯшаҳои пойтахти Украина ҳамла кардааст ва то кунун 45 нафар маҷрӯҳ гаштаанд.

Президенти Украина, Владимир Зеленский, дар Телеграм навишт, ки шояд бархе то ҳол дар зери вайронаҳо ҳастанд ва мумкин аст теъдоди захмиён бештар шавад.

Зеленский гуфт, “ҳамлаи имрӯзаи Русия бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин посухи рӯшан ба ҳамаи онҳоест, ки ҳафтаҳо ва моҳҳо боз ба оташбас ва дипломатия даъват мекунанд.”

Боздошти 13 нафар дар Хуҷанд ба иттиҳоми "қиморбозӣ"

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз боздошти 13 нафар ба гумони қиморбозӣ ва ошкор кардани қиморхона дар як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин гурӯҳи 13-нафара усули анъанавии қиморбозӣ бо истифода аз қартаро истифода бурда, ба бозии бурдноки пулӣ машғул будаанд.

Кормандони пулис онҳоро боздошт ва нисбати ҳар кадоми онҳо барои машғул шудан ба қиморбозӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба додгоҳ равон карданд.

Назари ин афрод ва наздиконашон ба ин иттиҳом ҳанӯз маълум нест.

Бар асоси моддаи 240-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ташкил ё нигоҳдории қиморхона ё казино дар кишвар манъ аст, аммо дар гузашта мақомоти интизомӣ борҳо аз боздошти афроде хабар додаанд, ки ба ташкили қиморхона гумонбар мешуданд.

Занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ва узбек дар Санкт-Петербург

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пас аз як задухӯрди оммавии муҳоҷирони тоҷику узбек дар Янинои Санкт-Петербург, рӯзи 26-уми август, мақомот алайҳи муҳоҷирон рейд анҷом доданд.

Мақомоти тафтишотии рус 3 муҳоҷири тоҷики аз 22 то 26-соларо саркардагони ин занозанӣ ном бурданд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки муҳоҷирон ҳангоми занозанӣ дар баробари мушту лагад аз чӯб ҳам истифода кардаанд.

Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додааст, ки пулис ҳама иштирокчиёни ин задухӯрди гурӯҳиро муайян ва боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ, ниҳодҳои зирабт қонунӣ будани кору зиндагии онҳоро дар Русия месанҷанд.

Феълан ба онҳо аз рӯйи моддаи "авбошӣ", парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Баъд аз ин ҳодиса, мақомоти рус бо баргузории як рейд, 30 нафар муҳоҷир аз Узбекистону Тоҷикистонро барои тафтиш ба шӯъбаи пулис бурданд.

Дар натиҷа, нисбати 14 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди Узбекистон барои майдаавбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон зиёд иттифоқ меуфтад. Вазорати корҳои дохилии Русия дар аксар мавридҳо муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, аз қаламрави он кишвар берун мекунад.

Хоҳарзодаи Рамазон Қодиров чӣ гуна аз ҷавобгарӣ халос шуд?

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон (рост) бо хоҳарзодааш Ёсин Закриев (рост)
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон (рост) бо хоҳарзодааш Ёсин Закриев (рост)

Ёсин Закриев, хоҳарзодаи раҳбари ҷумҳурии Чеченистони Русия, ки сабабгори як садамаи маргбор дар шаҳри Грозний мебошад, аз ҷавобгарӣ халос шудааст.

“Мемориал”, маркази ҳифзи ҳуқуқи башар, аз қавли гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Чеченистон овардааст, ки Закриев писари Зулай, хоҳари Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон буда, вазифаи раиси Палатаи ҳисоби ин ҷумҳурии Қафқози шимолиро бар уҳда дорад.

Ба навиштаи "Мемориал", мошини зери назорати Закриев рӯзи 20-уми июли имсол аз ақиб бо мошини дигар бархӯрд. Дар натиҷа як зану шавҳар дар ин мошин ба ҳалокат расида, ду фарзандашон захм бардоштанд. Закриев осебе надидааст.

Баъди як рӯз қурбониҳо ба хок супурда шуданд ва мақомоти маҳаллӣ миёни Закриев ва хонаводаи қурбониҳо маъракаи "оштӣ" ташкил кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, маълум нест, хонаводаи қурбониҳо дар чӣ шароите ба "оштӣ" розӣ шудаанд.

Сомонаи "Кавказ Реалии" менависад, ки Закриев дар ягон шакл ҷавобгӯ нашуд ва дар робита бо садама парвандаи ҷиноӣ ҳам боз нагашт.

Дар Чеченистон маросими оштӣ миёни душманони хунин вуҷуд дорад, ки дар он оилаи қурбонӣ гуноҳи ҷониби муқобилро бахшида, ӯро аз пардохти "хунбаҳо" озод мекунад.

Вакили мудофеъ Евгений Смирнов дар суҳбат бо нашрияи "Инсайдер" гуфтааст, ки бар пояи қонуни ҷиноии Русия дар ҳар сурат парвандаи ҷиноӣ мебоист боз шавад. Баъдан дар асоси "оштии ҷонибҳо" имкон дошт, парванда баста гардад.

Бахши русии Би-би-сӣ таъкид мекунад, ки феълан беш аз 80 хешу табори Рамазон Қодиров вазифаҳои баландпояи Чеченистонро бар уҳда доранд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бо вуҷуди марги ду кас аз гуноҳи ҷияни Рамазон Қодиров “гузаштанд”
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 1:37 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Раҳмон хост, ҷалби сармояро ба нерӯгоҳи "Роғун" суръат бахшанд

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони "Роғун"
Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони "Роғун"

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27-уми август аз мақомот хостааст, ки талошҳоро барои ҷалби сармоя ба сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" суръат бахшанд, чун ақиб мондани кор дар як бахш метавонад иҷрои тамоми тарҳро ба таъхир андозад.

Рӯзе пештар аз ин, "Независимая Газета", яке аз нашрияҳои Русия, навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллиф, Виктория Панфилова, баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ба сабаби иҷро нашудани бархе талабот ҷудо кардани пулро ба таъхир андохтанд.

Дар мақола ҳеч шарҳу назаре аз Бонки Ҷаҳонӣ наоварда, фақат гуфтаанд, сабаб шикояти баъзе аз созмонҳои зистмуҳитӣ аст, ки ба иддаои онҳо сохтмони "Роғун" барои кишварҳои поёноб дар Осиёи Марказӣ хатарҳои ҷиддӣ дорад. Дар гузашта ҳамин масъала сабаби ҷанҷолҳои сахт байни Узбекистону Тоҷикистон шуда буд, вале ин моҷароҳо пушти сар шуда, ду кишвар ҳатто дар бораи фурӯши нерӯи барқ ба Узбекистон созишнома имзо кардаанд.

Дар ҳар сурат, аз суханронронии раисҷумҳур бармеояд, ки зоҳиран ҷалби маблағҳо кундтар шудааст. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар муҳлати таъйиншуда ба истифода додани иқтидорҳои навбатии нерӯгоҳ ва ҳарчи зудтар дастрасӣ пайдо кардан ба маблағгузорӣ ба масъулин дар умум 16 супориш додааст.

Яке аз онҳо маҳз дар бораи ҷалби сармоя аст ва бахусус ба Вазорати молия ва идораҳои дигари давлатӣ, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молӣ ва маблағгузоронро густариш бахшида, барои ҳарчи зудтар дастрас кардани пулҳои пешбиникардаи онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар охири соли 2024 барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" 350 миллион доллар ёрии бебозгашт ихтисос дод, вале акнун гуфта мешавад, аз ҳукумат хостааст, як барномаи коромади бозгарондани қарзҳоро пешниҳод кунад. Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.

Дар умум барои сохтмони "Роғун", ки баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт, тақрибан 6 миллиарду 300 миллион доллар зарур мешавад ва ҳукумат чунин пуле надорад.

То кунун бонкҳои азими байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд ва ниҳодҳои дигари байнулмилалӣ ҳам изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои сохтмони “Роғун” пул медиҳанд. Маълум нест, ки миллиард ё садҳо миллион доллари ваъдагии ин муассисаҳо ба дасти ҳукумат кай мерасанд.

Айни замон ду чархаи нерӯгоҳ бештар аз 9 миллиард киловат соат нерӯи барқ бо арзиши бештар аз 200 миллион доллар истеҳсол кардаанд. Қарор аст, ки чархаи чаҳоруми нерӯгоҳро то моҳи сентябри соли 2027 ба кор андозанд.

Нерӯгоҳи "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз камбуди нерӯи барқ азоб мекашанд.

Раҳмон хостааст, барои “Роғун” ҳарчӣ зудтар пул ёбанд
лутфан мунтазир бошед
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Феълан кор намекунад

0:00 4:53 0:00
  • Auto
  • 240p
  • 360p
  • 480p
  • 720p
  • 1080p

Падари як наврасро бо гуноҳи беэътиноӣ ба тарбияи ӯ ҷазо доданд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд падари як навраси 11-соларо бо гуноҳи беэътиноӣ ба таълиму тарбияи ӯ ҷарима баст.

Дар ҳукми додгоҳ аз рӯзи 13-уми август омадааст, ки ин наврас рӯзи 8-уми июн ҳангоми моҷаро ба сари ҳамсинфаш ба санг зада, ӯро маҷрӯҳ кардааст.

Додгоҳ номи наврасонро ошкор накарда, фақат гуфтааст, ки ҳарду дар мактаби миёнаи рақами 14 дар шаҳри Гулистон таҳсил мекардаанд.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, волидон вазифадоранд, ки аз ҷумла аз “рафтори дағалонаи фарзанд дар кӯча, истифодаи суханҳои қабеҳ, халалдор кардани оромии ҷомеа” пешгирӣ намоянд.

Додгоҳи шаҳри Гулистон гуфтааст, азбаски беназорат гузоштани наврас сабаби “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба шахси дигар шуд” падари кӯдакро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1500 сомонӣ ва ё тақрибан 150 доллар ҷарима баст.

Ба гуфтаи масъулони додгоҳ, падари наврас гуё ба гуноҳаш иқрор шудааст, вале назари худи ӯ дастрас нест.

Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки соли 2011 қабул шуд, дар Тоҷикистон баҳси зиёдеро барангехт ва то кунун чанд дафъа ислоҳ шудааст.

Боздошти "як хориҷӣ" бо гумони ҳамла ба маъмурони пулис дар Маскав  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, бо гумони суиқасд ба ҷони афсарони пулис дар шаҳри Маскав як хориҷӣ дастгир шудааст, вале ному ҷойи таваллуди ӯро нагуфт.

Саҳифаи “База” дар Телеграм бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ин мард 26-сола аст ва зодаи Тоҷикистон. Феълан тасдиқи расмии ин маълумот нест.

Ҳодиса рӯзи 27-уми август рух додааст. Кумитаи тафтишот дар баёнияе гуфт, шахси гумонзад дар наздикии як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сӯи мошини пулис ду шиша маводи даргирандаро партофт ва замоне ки маъмурони пулис мехостанд ӯро дастгир кунанд, бо корд ҳамла кард.

Дар наворҳое, ки саҳифаи “База” дар Телеграм гузошт, даъвате шунида мешавад, ки ӯро паронанд, вале мақомоти пулис аз силоҳ истифода накарда, ӯро бо зӯр дастгир кардаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ба зидди ин шаҳрванди хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ӯ ба суиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонзад аст.

Баёнияҳои Кумитаи тафтишот ва ниҳодҳои дигари интизомии Русия дар мавриди хориҷиён ва муҳоҷирон аксаран шубҳабарнгез будаанд ва имкони санҷиши мустақилонаи маълумоти онҳо барои Радиои Озодӣ дастрас нест.

Додгоҳ парвандаи марги Судайси дусоларо баррасӣ мекунад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи сентябр ба баррасии парвандаи марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе оғоз мекунад.

Рӯзи 26-уми август дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа ҳафтаи оянда баргузор мешавад. Парвандаро Хуршед Исозода, муовини раиси додгоҳ, баррасӣ мекунад.

Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе, Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ба гуфтаи намояндагони додгоҳ, дар курсии айбдорӣ ду нафар нишастаанд, ки якеашон мураббии кӯдакистон ва дувумӣ корманди Идораи беҳдоштӣ (СЭС) аст.

Ҳардуи онҳо ба "хунукназарӣ" дар корашон муттаҳам мешаванд ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ будаанд.

Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи август гуфта буданд, ки дар робита ба марги тифл дар кӯдакистон 5 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, мурофиаи ин парванда озод баргузор мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".

Бо вуҷуди дар озодӣ будан, назари мураббии кӯдакистон ва дигар гумонбарони парванда то ин лаҳза дастрас нест. Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфт, кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд.

Идомаи даргирӣ миёни нерӯҳои Украина ва Русия дар Днепропетровск

Днепропетровск пас аз зарбаҳои артиши Русия. Акс аз бойгонӣ.
Днепропетровск пас аз зарбаҳои артиши Русия. Акс аз бойгонӣ.

Ситоди кулли артиши Украина тасдиқ кардааст, ки даргирии артиши ин кишвар бо нерӯҳои Русия дар вилояти Днепропетровск идома дорад. Дар айни замон артиши Украина хабарҳоро дар бораи ишғоли ду деҳа аз сӯи нерӯҳои Русия рад кард.

Дар хабари Ситоди кулли артиши Украина омадааст, ки нерӯҳои ин кишвар бо низомиёни рус дар ноҳияҳои Запороже ва Новогеоргиевск ҷанг доранд. Ин ду деҳа дар ғарби вилояти Днепропетровск ва дар марз бо вилояти Донетск ҷойгир шудаанд.

"Артиши Украина пешравии ишғолгаронро боздошта, назорати деҳаи Запорожеро идома медиҳанд", -- омадаааст дар хабари артиши Украина. Дар иттилоия ҳамчунин омадааст, ки даргириҳои сахт дар ноҳияи Новогеоргиевск идома доранд.

Пештар Ситоди кулли артиши Украина хабари расонаҳои русӣ дар бораи ҷанг дар вилояти Днепропетровскийро шарҳ намедод. Лоиҳаи мониторингии украинии DeepState пештар навишта буд, нерӯҳои Русия чанд вақт шуд, ки дар минтақаи Днепропетровский ҷанг доранд.

Вазорати дифои Русия аз тасарруфи чанд минтақаи аҳолинишин, аз ҷумла ноҳияҳои Запороже ва Новогеоргиевск, хабар дода буд. Сухан дар бораи чанд деҳаи начандон калон меравад.

Рэпсарои тоҷикро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

Рамазон Муродов, рэпсарои тоҷик
Рамазон Муродов, рэпсарои тоҷик

Пулиси Душанбе Рамазон Муродов, маъруф ба "Ралик", рэпсарои тоҷикро барои беиҷозат рондани мошин боздошт карда, додгоҳе дар пойтахт ӯро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 26-уми август хабар дод, ки ин ҷавони 27-сола қаблан бо қарори додгоҳ панҷ сол аз ҳаққи рондани мошин маҳрум шуда буд. Сабаб идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ будааст.

Ба иттилои пулиси Душанбе, Рамазон Муродов "қарори додгоҳро сарфи назар карда, боз ҳам дар ҳолати сархушӣ ва баъди истеъмоли маводи нашъадор" ронандагӣ кардааст.

Назари Рамазон Муродов ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм танҳо навиштааст, ки "аҳволи ман хуб аст".

Рамазон Муродов, ки дар миёни як гурӯҳ ҷавонон шинохта аст, моҳи июли соли 2024 барои таҳқири роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт шуда буд. Ӯ чанд дафъа аз боздошт ва шиканҷа шуданаш аз сӯйи кормандони пулис шикоят карда буд.

Ширин Ибодӣ: Ҷумҳурии Исломӣ оянда надорад

Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел
Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел

Раҳбари олии Эрон рӯзи 24-уми август дар дидор бо ҳаводоронаш иддао кард, ки танҳо як рӯз пас аз ҳамлаи артиши Исроил ба Эрон бархе қудратҳои ғарбӣ ҳамроҳи "як фарди эронӣ" дар Брюссел нишасте баргузор карданд, то дар бораи "ҷойгузинии Ҷумҳурии исломӣ" тасмим бигиранд.

Алии Хоманаӣ дар суханронии худ бо ситоиш аз "иттиҳоди мардум" дар ҷанги 12-рӯза байни Эрон ва Исроил гуфт, "душман дарёфтааст, ки роҳи мубориза бо Ҷумҳурии исломӣ эҷоди ихтилофи дохилӣ аст, на ҷанг."

Ӯ тарафдорони гуфтугӯи мустақимрбо Амрикоро "зоҳирбин" хонд ва гуфт, ки "душманӣ"-и Вашингтон бо Эрон решаӣ ва "ҳалношуданӣ" аст. Алии Хоманаӣ ҳамчунин Амрикоро ба талош барои "ба зону даровардани миллати Эрон" муттаҳам кард ва онро "тавҳин ба эрониён" донист.

Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар нишасти рӯзи 14-уми июн суханронӣ карда буд, гуфтаҳои Хоманаиро рад кард ва изҳор дошт, ки ӯ ҳақ дорад аз ояндаи Ҷумҳурии исломӣ нигарон бошад.

Ӯ дар суҳбат ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "он чизе, ки дар конфронс баррасӣ шуд, ин буд, ки сохтори сиёсӣ нотавон аст ва бояд аз ҷониби мардум сарнагун карда шавад ва барои ин ба ҷуз ваҳдат дар байни мухолифин роҳе нест."

Ҷиноҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон бинобар ихтилофҳои амиқи идеологӣ ва дидгоҳҳои гуногун солҳо бар сари барномаи муайяне барои ояндаи Эрон ваҳдати назар надоранд. Аммо Ширин Ибодӣ, вакили дифоъ ва фаъоли ҳуқуқи башар, исрор дорад, ки "пешрафти зиёде" дар ин ҷабҳа ба даст омадааст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳамон чизе аст, ки раҳбари олии Эронро нигарон кардааст.

Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 25-уми август гуфт, "ба ҳамин сабаб Хоманаӣ бо шитоб аз паноҳгоҳ берун омад, то худро ба унвони фарде муаррифӣ кунад, ки ҳар кореро мехоҳад анҷом медиҳад, аммо ҳеч кас ба суханонаш бовар намекунад".

Хоманаӣ, ки фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ ҳаст, пас аз нопадид шудан дар маҳзари умум пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил алайҳи Эрон дар 13-уми июл мавриди интиқодҳо қарор гирифт.

Тақдими 36 хона ба онҳое, ки дар заминларза бехонаву дар монда буданд

Хонаҳои навбунёд дар Тоҷикобод
Хонаҳои навбунёд дар Тоҷикобод

Ба 36 оила дар ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларза хонаашон пурра ё қисман вайрон шуда буд, манзил додаанд. Тақдими хонаҳо рӯзи 26-уми март дар деҳаи навбунёде дар ҷамоати Лангари Шоҳ сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим гуфтааст, аксар деҳаҳои Тоҷикобод дар мавзеъҳои осебпазир ҳастанд ва бояд манзилҳои истиқоматӣ ба офатҳои табиӣ тобовар сохта шаванд.

Заминларзаи вайронгар дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 13-уми апрели имсол рух дод. Дар натиҷаи он як наврас ҷон бохта, 16 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки дар ин ҳодиса 33 хона пурра ва 164 манзил қисман вайрон шуда, чанд мактабу бунгоҳи тиббӣ низ осеб диданд. Зиёни расида 8 миллион сомонӣ, муодили тақрибан ҳаштсад ҳазор доллар ҳисоб шудааст.

Ба қавли дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар зарфи чор моҳ дар деҳаҳои осебдидаи Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта додаанд. Маълум нест, ҳамаи хонаҳо аз пули давлат сохта шудаанд ва харҷи онҳо аз ҷайби соҳибкорону тоҷирон будааст. Пештар баъзе аз зарардидаҳо ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки барои азнавсозии хона ё оғилу ҳаммоми худ ёрие дарёфт накарданд.

Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда, соли 2020-2021 бар асари зилзила панҷ сокини Тоҷикобод ба ҳалокат расида, наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ин ноҳия осеб диданд.

Заминҷунбиҳо дар ин минтақа фоҷиаи 10-уми июли соли 1949-ро ёдрас карданд, ки чун зилзилаи Ҳоит маъруф буда, сабаби марги 32 ҳазор нафар гашта буд. Аз он вақт бунёди манзил дар ин ҷо талаботи хос дорад, ки на ҳамеша риоят мешавад.

“Эҳтимол ҳаво сахт ғуборолуд шавад.” Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик  

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, эҳтимол то ду рӯзи дигар ҳавои Тоҷикистон сахт ғуборолуд шавад ва аз ин рӯ онҳое, ки бемории роҳҳои нафас ё ҳассосият доранд, зарур аст, камтар ба берун бароянд.

Идораи ҳавошиносӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки рӯзҳои 26-27-уми август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби хокбориш сатҳи олудагии ҳавои кишвар бисёр баланд хоҳад шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.

Ба гуфтаи пизишкон, дар чунин ҳавои олуда бемориҳои музмини роҳҳои нафас авҷ мегиранд.

Ҳавошинсони тоҷик ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳавои олуда ба гарду ғубор ба кӯдакон, пиронсолон, занони обистан ва гирифторони бемори диққи нафас ва дил доранд, таъсири бад дорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG