Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав олимпичиёни ҷаҳонро ба ҳам овард


Лариса Латинина (аз чап) ва Зебуннисо Рустамова (рост).
Лариса Латинина (аз чап) ва Зебуннисо Рустамова (рост).

Аввалин Ҳамоиши ҷаҳонии олимпичиён дар Маскав -- пойтахти Русия баргузор шуд.

Дар аввалин Ҳамоиши ҷаҳонии олимпичиён, ки 21 октябр дар Маскав барпо гардид, намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Зебуннисо Рустамова, варзишгари машҳури тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 дар Монреал (Канада), қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон ва Аврупо оид ба камонварӣ, ки раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон мебошад, намояндагӣ кард.

Вай рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин дар таърих аввалин рӯйдодест, ки мо, олимпичиён, аз минтақаҳои мухталифи ҷаҳон дар якҷо ҷамъ омадем, ба ҳамдигар дар бораи кору зиндагӣ ва фаъолияти худ иттилоъ додем, инчунин самтҳои минбаъдаи корамонро муайян кардем. Дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён (WOA) Жоэл Бузу азнав раиси ин ташкилот интихоб шуд.”

Ба гуфтаи хонум Рустамова, дар ин ҳамоиш Эъломияи дастгирии Хартияи олимпӣ аз ҷониби раҳбарони Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён ва намояндагони панҷ қитъа ба имзо расид. Дар ин эъломия, аз ҷумла омадааст, “мо муваззаф мешавем, ки рӯҳи олимпиро паҳн намуда, тавассути варзиш барои некуаҳволии мардум хидмат намоем, ба ҳамкоронамон – олимпичиён - баъди анҷоми фаъолияти варзишиашон дар кору ҳаёташон кӯмак кунем, ба ҳамагуна дахолати сиёсӣ ба корҳои ташкилотҳои варзишӣ, ки барои ширкати варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқоти бузурги варзишӣ, ки рӯҳияи олимпӣ доранд, халал мерасонанд, монеъ шавем.»

Эъломияи дастгирии Хартияи олимпӣ ба Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ кардааст, супурда шудааст.

XS
SM
MD
LG