Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон ба суи Словения роҳ гирифтанд


Баъди бастани марзи Маҷористон муҳоҷирон ба сӯи марзи Хорватия ва Словения ҳаракат карданд. Пулиси Словения рӯзи 17-уми октябр гуфт, автобусҳои пур аз муҳоҷир ба гузаргоҳи марзӣ расиданд ва сабти ном шуданд. Словения бо ҳадафи кам кардани ҳаракати муҳоҷирону паноҳандагон аз Балкан ба самти кишварҳои ғарби Аврупо равуои қаторҳо байни ин кишвар ва Хорватияро мутаввақиф кард. Пеш аз бастани марзи Маҷористон, Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки ба Туркия, ки мизбони садҳо ҳазор паноҳҷӯ аз Сурия аст, кӯмак мекунад, то ҳаракати онҳо ба суи Аврупо камтар шавад. Созмони Афви Байналмилал, барномаи Иттиҳодияи Аврупоро танқид кард ва гуфт, бояд ба муҳоҷирон “роҳҳои амну қонунии расидан ба Аврупо пешниҳод шавад”. Маҷористон мисли дигар кишварҳои шарқи Аврупо мухолифи таъйини квота барои қабули 120 ҳазор муҳоҷир аст, ки аксарияташон аз ҷангу камбизоатӣ аз Сурия, Афғонистон ва Африқо гурехтаанд.

XS
SM
MD
LG