Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Тоҷикистон ба таъмини субот дар Афғонистон алоқаманд аст


Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Николас Ҳейсом, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ дар умури Афғонистон гуфтааст, бо талошҳои муштарак имкон дорад дар таъмини субот дар Афғонистон мусоидат кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Николас Ҳейсом ба нақш ва саҳми муҳими Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амнияту субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кардааст.

Ин манбаъ афзуд, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон аз мавзӯъоти калидӣ дар ин дидор маҳсуб мешуд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд”.

Дар ин мулоқот татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқаз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон низ баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва омодасозии кадрҳои низомии афғон дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG