Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастфишории таърихии Обама ва Зариф дар Нию Йорк


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ дар Нию Йорк дасти якдигарро фишурданд.

Хабаргузории Ройтерз бо такя ба суханони як мақоми номаълуми эронӣ навишааст, ки ин кор “ногаҳонӣ” рух додааст. Вай гуфтааст, “Чизе ба нақша гирифта нашуда буд ва ин дастфишорӣ чанд сония давом кард ва онҳо бо якдигар албатта салому алейк карданд”.

Хабаргузории давлатии Эрон бо номи ИРНО низ аз қавли як мақоми расмии ин кишвар гуфтааст, ки Зариф ва Обама ногаҳон рӯ ба рӯи якдигар баромаданд ва ба якдигар даст доданд.

Агар ин дастфишорӣ дуруст бошад, дар он сурат ин нахустин дастфишории раиси ҷумҳури Амрико бо як мақоми баландпояи Эрон аз соли 1979 то ҳол мебошад.

XS
SM
MD
LG