Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони Тоҷикистон дар интихоботи президентии Белорус


Интихоботи Қирғизистон
Интихоботи Қирғизистон

Як гурӯҳи намояндагони Тоҷикистон рузи 11 октябр дар интихоботи президенти Белорус ба ҳайси нозири кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ ширкат хоҳанд кард.

Абдуманнон Додозода, сардори Дастгоҳи Кумисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) 28 сентябр бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи президентии Белорус се тан аз аъзои КМИР ва Ҳизби ҳокими халқи демократӣ ба ҳайси нозир хузур хоҳанд дошт.

Абдуманнон Додозода афзуд, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, муовини раиси КМИР Саидбой Зокирзода ва худи ӯ ҳамчун нозири интихобот аз намояндагии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба Белорус хоҳанд рафт.

Вай афзуд, дар назар аст рӯзи 2 октябр барои назорати ҷараёни интихоботи порлумонии Қирғизистон як гурӯҳи дигари сенафараи нозирон, мутахасисони КМИР Ҷамшед Ҷамшедов, Ҷӯрахон Қурбонов ва Мирзомад Бобоев озими Бишкек хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG