Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз ҳамкорӣ бо Русияву Эрон ва Сурия сӯҳбат кард


Низомиёни Ироқ бо низомиёни Русияву Эрон ва Сурия ҳамкорӣ мекунанд, то хатари гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломиро баргардонанд. Фармондеҳии низомии амалиёти муштараки Ироқ гуфт, ин тавофуқ замоне ба даст омадааст, ки нигаронии Русия аз ширкати ҳазорон нафар террористи кишвараш дар амалиёти ҷинояткоронаи тундравҳои Давлати Исломӣ бештар шудааст.

Ин изҳорот бо суханони як рӯз пеши Иброҳим Ҷаъфарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ муғоират дорад. Вай гуфта буд, ки кишвараш аз Русия дар бораи ёрии мушовирони низомӣ дархосте нагирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Русия ҳафтаҳои охир ҳузури низомии худро дар Сурия афзоиш додааст, дар ҳоле ки ба Димишқ фишор меорад, то ба талошҳои байналмиллалӣ барои мубориза бо тундравҳои Давлати Исломӣ дохил шавад. Вале ин дархостро Амрико қабул надорад.

Мунаққидон аз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико хостаанд, ки дар мавриди Ховари Миёна, ба вижа нисбат ба муноқишаи Суриятасмими ҷиддӣ дошта бошад. Онҳо мегӯянд, набуди сиёсати дақиқ имкон додааст, ки тундравҳои Давлати Исломӣфаъолияти худро густариш диҳанд.

XS
SM
MD
LG