Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз гомҳои Русия дар Сурия


Пойгоҳи Русия дар Лозиқияи Сурия. Акс аз моҳвора
Пойгоҳи Русия дар Лозиқияи Сурия. Акс аз моҳвора

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри гуфт, Вошингтонро иқдомоти Русия ҷиҳати интиқоли таслиҳот ба Сурия нигарон кардааст. Керри рӯзи 19 сентябр дар Лондон баъд аз мулоқот бо ҳамтои бритониёияш Филип Ҳаммонд гуфт, ҷангандаҳои Русия метавонанд ба нирӯҳои Амрикову муттаҳидонаш таҳдид ба бор биоранд. Мақомоти Амрико мегӯянд, Русия як теъдоди хурд аз ҳавопаймоҳои ҷангиашро рӯзи 18 сентябр ба пойгоҳаш дар Сурия интиқол додааст. Интиқоли ин ҳавопаймоҳо чанд соат баъд аз тамоси вазирони дифои Амрикову Русия Эш Картер ва Сергей Шойгу, ки нахустин чунин тамос дар беш аз як соли охир буд, сурат гирифтааст. Керри гуфт, “ҳузури ҳавопаймоҳо бо таслиҳоти ҳаво-ба-ҳаво ... ва мушакҳои замин-ба –ҳаво суолҳои ҷиддиеро эҷод мекунад.” Русия мегӯяд, тақвияти ҳузури низомиаш дар Сурия ба хотири набард бо ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ст. Вале Вошингтон нигарон аст, ки Русия бо пуштибонии режими Башор Асад, сабаби идома ҷанги шаҳрвандии Сурия мешавад. Керри гуфт, Асад бояд биравад, вале замони рафтанаш бояд аз тариқи музокирот муайян шавад. Ӯ аз Русияву Эрон хост, то бо истифода аз нуфузи худ раисиҷумҳури Сурияро ба музокирот моил кунанд.

XS
SM
MD
LG