Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Нируҳои хориҷӣ" мехоҳанд интихоботро вайрон кунанд


Владимир Чуров
Владимир Чуров

Пулиси вилояти Костромаи Русия мегӯяд, ки онҳо аз як фаъоли созмони ғайридавлатии “Русияи боз” 2 миллион рубл баробар бо 30 ҳазор долларро мусодира кардаанд.

Дар хабари матбуотии пулис гуфта мешавад, ки қарор буд ин пулҳо ба фаъолони гурӯҳи тундрави ҷавонон пардохт шавад ва онҳо ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ даст зананд ва интихоботи маҳаллии 13 сентябрро вайрон кунанд.

Владимир Чуров-раиси Кумиссиюни марказии интихоботии Русия 12 сентябр гуфт, “нируҳои хориҷӣ” ҳаводори вайрон шудани интихоботи маҳаллӣ дар ин минтақа буданд.

Бо вуҷуди он, ки интихоботи маҳаллӣ дар 83 минтақаи Русия барои 10 ҳазор курсӣ дар мақомти маҳаллӣ баргузор мешавад, вале Кострома ягона минтақаест, ки гурӯҳи Парнас ба таври расмӣ дар интихобот ширкат меҷӯяд.

XS
SM
MD
LG