Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон кӯчондани гирдиҳмоиро напазируфтанд


Ҷонибдорони сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний аз пешниҳоди шаҳрдории Москав барои кӯчондани макони гирдиҳамоӣ барои даъват ба ивазшавии қудрат, ки бояд 20 сентябр дар маркази пойтахти Русия баргузор шавад, рад карданд. Шаҳрдорӣ пешниҳод кардааст, ки ин ҳамоиш дар маҳаллаи Марино гузаронида шавад. Дар ин бора Николай Ляскин-раҳбари бахши москвагии ҳизби сабтиномнашудаи “Пешрафт” хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, мухолифон ба мақомот масирҳои алтернативии баргузории раҳпаймоӣ ва ҳамоиш дар маркази Москавро пешниҳод кардаанд, ки ба баргузории дави байналмиллалии 20 сентябр дар ин шаҳр халал намерасонад. “Дави байналмиллалӣ соати 15:30 анҷом меёбад, раҳпаймоии мо соати 16:30 оғоз мешавад”, - таъкид кард Ляскин.

Дар миёни талаботи аслии ин ҳамоиш дастрасии мухолифон ба интихобот, хотимаи ҷанг, манъи назорат бар матбуот, раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва мубориза бо фасод ном бурда шудаанд. Ширкати 40 ҳазор нафар дар ин ҳамоиш пешниҳод шудааст.

Шаҳрдории Москав рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки 20 сентябр дар пойтахт баргузории чанд “ҳамоиши бузург”, аз ҷумла дави байналмиллалӣ дар назар аст ва пешниҳод кард, ки ҳамоиши эътирозӣ ба Марино кӯчонда шавад.

XS
SM
MD
LG