Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Австралия бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд


Тими Австралия дар Душанбе
Тими Австралия дар Душанбе

Тими миллии футболи Тоҷикистон шоми 8 сентябр дар бозии мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар майдони худаш аз тими Австралия - қаҳрамони футболи Осиё - бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд. Голи аввалро дар ин бозӣ Марк Миллиган ва ду тӯби дигарро бозигари қавитарини тими Австралия Тим Кеҳил заданд. Дар бозии дигари гурӯҳи В Бангладеш аз Урдун бо ҳисоби низ бузурги 0:4 шикаст хӯрд. Баъди се даври мусобиқот дар гурӯҳи В Австралия бо 9 имтиёз дар ҷои аввал ва Урдун бо 7 имтиёз дар мақоми дувум қарор доранд. Қирғизистон бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм буда, тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки ҳамагӣ якимтиёзӣ доранд, дар ду зинаи аз ҳамаи поёни ҷадвал ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG