Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи депутат барои "мизбонӣ"-и тоҷикон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як вакили маҳаллӣ аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” дар вилояти Саратов бо ҷурми дар манзилаш ғайриқонунӣ сабти номи кардани 3 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон 100 000 рубл, муодили тақрибан 1500 доллар ҷарима баста шуда, билофосила мавриди афв қарор гирифтааст. Додситонии Саратов мегӯяд, Алексей Рибалченко дар моҳи сентябри соли 2014 бо онки медонист ин 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар манзили ӯ зиндагӣ нахоҳанд кард, онҳоро дар хонааш сабти номи қалбакӣ кардааст. Парванда алайҳи ин депутат дар чорчӯби маъракаи зидди “квартираҳои резинӣ” дар Русия ифтитоҳ шуда буд. Рибалченко бар асоси қонуни афве, ки моҳи апрел ба муносибати солгарди 70-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ эълон шуда буд, аз пардохти ҷарима озод шудааст.

XS
SM
MD
LG