Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико дар Душанбе дарашро баст


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар пайи тирпаронии субҳи 4 сентябр дар Душанбе дарашро баста, ба кормандонаш машварат додааст, ки дар маҳалҳои амни худ бошанд ва имрӯз аз фиристодани фарзандонашон ба мактабҳо худдорӣ кунанд. Дар саҳифаи расмии сафорат дар Фейсбук аз ҳамаи шаҳрвандони Амрико дар Тоҷикистон хоста шудааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Сафорати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, субҳи 4 сентябр дар ҳодисаҳои ҷудогона Душанбе задухӯрди афроди мусаллаҳ бо маъмурони пулиси Тоҷикистон сурат гирифта, ҳарчанд ҳодиса таҳқиқ мешавад, аммо асли қазия номаълум аст. "Ин ҳодисаҳо метавонанд оғози хушунатҳои дигар бошанд,"--омадааст дар изҳороти сафорат. Сафорати Амрико дар Душанбе аз ҳамла болои ШКД-и шаҳри Ваҳдат низ изҳори ғамгинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG