Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ду тоҷик дар Челябинск ба додгоҳ рафт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии вилояти Челябински Русия парвандаи ду шаҳрванди Тоҷикистон Алиҷон Сангов ва Мусулмон Азизовро, ки бар асоси қисми аввали моддаи 322-юми Кодекси ҷиноии Русия, ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ айбдор мешаванд, ба додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Челябинск супурдааст. Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи додситонӣ, Сангов аз моҳи декабри соли 2014 тавассути як нафар кортҳои муҳоҷирати қалбакӣ ба даст оварда, ҳар кадомашро ба муҳоҷирони корӣ 2000 рубл мефурӯхт. Азизов дар ин ҳалқа ҷустуҷӯи муштариёнро бар ӯҳда доштааст. Мусулмон Азизов ҳамчунин ба истифодаи корти қалбакии муҳоҷират айбдор мешавад. Додситонӣ мегӯяд, акнун ба ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон то 5-солӣ ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG