Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роскомнадзор" "Википедия"-ро набаст


Муассисаи «Роскомнадзор», масъули назорати расонаҳо дар Русия, тасмим дар бораи масдуд кардани саҳифаи «Википедия»-ро дар Гугл бознигарӣ кард. Дар саҳифаи ин ниҳод рӯзи 25 гуфта шудааст, ки ба матлаб дар бораи маводи мухаддири «чарас» («чарс») дар Википедия ислоҳ ворид шуда, бар пояи арзёбии Хадамоти федеролии зидди маводи мухаддири Русия он аз Феҳристи ягонаи ахбори мамнӯъ берун карда шудааст.

Як ҳафта пеш Роскомнадзор дар пояи ҳукми додгоҳи ноҳияи Черноярски вилояти Астрахан аз раҳбарияти Википедия талаб кард, ки мақола дар бораи «чарас» аз саҳифа берун карда шавад, зеро дар он тарзи тайёр кардани ин маводи мухадир оварда шудааст ва ин хилофи қавонини Русия аст. Рӯзи 24 август Роскомнадзор аз ширкатҳои таъминкунандаи интернет хост, ки саҳифаи русии Википедияро банданд.

Станислав Козловский, раиси иҷроияи Викимедиа.Ру дар посух гуфт, ки мавод дар бораи «чарас» аз сомонаи Созмони Милали Муттаҳид ва аз китобҳои дорусозӣ гирифта шудааст ва Роскомнадзор ба онҳо эроде надорад. Ба гуфтаи ӯ, агар Русия мехоҳад ин саҳифаро бандад, боке нест, аз ин пеш Чин, Сурия, Эрон ва Арабистони Саъудӣ ҳам аз ин иқдом кор гирифта буданд.

Владимир Медейко, дигар аз раҳбарони Викимеди.Ру изҳор намуд, ки серверҳои «Википедия» дар аёлати Калифорнияи ИМА ҷойгир шудаанд ва ширкат фақат ба қонунҳои ин аёлат итоат мекунад.

XS
SM
MD
LG